Салом. Як тилфонмон гум шудааст Samsung Galaxy j1 документош хаст ба кучо мурочиат кунем.
Савол аз: Самар
Сохташуд: 20.11.2016 21:33
Ба Шуъбаи корхои дохилии махалли истикомат.
Салом мухтарам Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон, ичозат дихед Шуморо ва дар симои Шумо тамоми кормандони макомоти корхои дохили, нафакахурон ва собикадорони ВКД Чумхурии Точикистонро бо рузи "Милитсияи Точик" самимона табрик намуда, ба Шумоён танисихативу хотиричами, осомни соф, тинчиву амони орзу мандам ва ба фаъолияти пурмашаккати шабнарузиатон комёбихои беназир хохонам.
Савол аз: Камолов Ф.А.
Сохташуд: 08.11.2016 09:07
Салом ба ВКД. Хохиш дорам равшани адндозед: Мутобики талаботи 7.7-и Номгуи носозихо ва шартхое, ки истифодабарии воситаи наклиетро манъ менамояд (кисми Коидаи харакат дар рох), бе аптечка, аломати садамаваи ва сухторхомушкунак рондани воситаи наклет манъ карда шудааст. Нозирони БДА даруни аптечкаро як ба як аз назар мегузаронанд, ин амали онхо бисьер вакти ронандаро мегирад. Савол:1. Дар асоси кадом талабот (конун) даруни аптечка аз тарафи нозири рох аз назар гузаронида мешавад (ин худ досмотр мебошад ва хатман дар ин холат шохидони холис бояд даъват карад шаванд, ва протоколи досмотр тартиб дода шавад)? 2. Дар кадом талабот гуфта шудааст, ки дар даруни аптечка чи намуд дору ва е маводи тибби хатман бояд бошад?
Савол аз: Сафар Бобоев
Сохташуд: 23.09.2016 16:19
Тибқи талаботи банди 7.7-и номгӯи носозиҳо ва шартҳое, ки истифобдабарии воситаи нақлиётро манъ менамояд (қисми Қоидаи ҳаракат дар роҳ), вуҷуд надоштани сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак мебошад.
Аз ин хотир корманди БДА дар асоси талаботи банди номбурдаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997, № 565 тасдиқ шудааст, вазифадор мебошад, ки зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳатман аз мавҷудияти сандуқчаи тиббӣ ва маводҳои дорувории дохили он, ки барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ зарарият доранд, аҳамият диҳад. Ҳамчунин номгӯи маводҳои дорувории ёрии аввалини тиббӣ низ дар ҳамин сандуқчаи тиббӣ пешбинӣ шудааст.
Ман Ашурзода Бахтиёр соли 2013 воситаи нақлиётамро аз шаҳрванд Р харидори намудам бо Бовариномаи ҳуқуқи таъмин мебошам. Аз бай қариб се сол сипари гардидааст. Ман меҳхоҳам воситаи нақлиётамро пурра бо номи худам ҳуҷҷатгузори намоям ва рақами қайди давлатиамро дигар кунам, ҳангоми ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобили муроҷита намудам ба ман ҷавоб доданд, ки воситаи нақлиёти Шумо аз шаҳри бехатар 39 қонунвайронкуни дорад. Аммо тамои қонунвайронкуниҳои содиршуда то харидори намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ман рух додааст. Савол: Ман дар кадом асос бояд бар ҷойи дигар шахси қонунвайронкунанда маблағи онро пардохт намоям. Ҳоло он, ки тибқи талаботи Моддаи 33. қисми 2 сархати 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Бинобар ин дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мазкур кумаки амалии худро расонед.
Савол аз: Ашурзода Бахтиёр
Сохташуд: 23.09.2016 14:14
Мутобиқи қисми 3 моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт (“Шаҳри бехатар”) сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристода мешавад.
Дар ҳолате, ки Шумо ваколатнома доред соҳиби воситаи нақлиёт ҳисобида мешавед. Шуморо лозим меояд, ки барои пардохт намудани ҷарима оид ба қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи Шумо содир нашудааст, ба соҳиби воситаи нақлиёт муроҷиат намоед. Ҳангоми саркашӣ намудани соҳиби воситаи нақлиёт аз пардохт намудани ҷаримаҳо оид ба қоидавайронкуниҳои содирнамудааш, Шумо метавонед тариқи ариза ба суд муроҷиат намоед.
Ҷаримаи маъмурӣ нисбати шахси содирнамудаи қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ татбиқ карда мешавад.
Тибқи сархати панҷуми кисми 2 моддаи 33 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, ба шарте, ки дар давоми 6-моҳ аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул нашуда бошад.
Барои маълумоти пурра гирифтан метавонед ба шӯъбачаи амалияи маъмурии МАИН ва ТҶ Раёсати БДА утоқи №7 бо пешниҳод намудани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва ваколатнома муроҷиат намоед.
Салому алайкум! Дар мавриде, ки хучати ронандагиям бо сабаби вайрон кардани коида рох гирифта шуда ба иввазаш хучати муакати пешниход мешавад у то чанд руз эътибор дорад? Ва агар хучати манро дар дигар шахр гирифтанду сари вакт ба Шуъбаи БДА махали зистам нарасонидан, дар ин маврид чикор кунам?
Савол аз: Пайрав
Сохташуд: 14.09.2016 15:13
Ҳангоме, ки нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода мешавад, ба ивази шаҳодатномаи ронандагиаш иҷозатномаи муваққатӣ, ки бо талони қайди қоидавайронкунӣ 30 шабонарӯз эътибор дорад, дода мешавад.
Дар сурати сари вақт ба ҷойи истиқомати ронанда ворид нашудани ин ҳуҷҷат аз тарафи шахсони масъули БДА-и маҳали зисти ӯ мӯҳлати эътиборнокии ҳуқуқи ронандагӣ дар талони қайди қоидавайронкунӣ то 2 моҳи дигар дароз карда мешавад.
Салому алайкум кормандони ВКД
Равшани андозед Барои харидории таппончаи овози (сигналный) ки онхо намепаронанд факат овоз доранд барои тарс додан ичозатнома зарур аст масалан дар Федератсияи Росия барои харидории онхо ягон ичозатнома лозим нес. Онро мо дар клип истифода кардан мехохем.
Ташакури зиед.
Савол аз: Чамшед
Сохташуд: 13.09.2016 18:00
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки силохи овозй яке аз намудхои силох,и ишоракунанда ба хисоб рафта, тибки талаботи моддаи 18 Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи силох» аз 19 марти соли 2013, №939, шахрвандони Ч,умхурии Точикистон, ки ба синни бистуяксолагй расидаанд, баъд аз пешниход намудани хамаи хуччатхои лозим а ба макомоти корхои дохилии махалли истикомат ва супоридани санчиш оид ба донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силох, онхо хукуки гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан ба силохи ишоракунандаро пайдо мекунанд.
Салом,хангоми пас аз тафтиш кардани хучатхо аз тарафи корманди бда ягон камбудии нефтан корманди бда хак дорад бе ягон хел гувох ва тартиб додани акти тафтиши воситаи наклиетро худсарона ронандаро аз наклиеташ багочро боз кунед гуен фароварда тафтиш кунад
Савол аз: Равшанчон
Сохташуд: 10.09.2016 23:38
Кормандони Бозрасии давлатии автомобили зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳуқуқ доранд бағоҷи воситаи нақлиётро бо мақсади муайян кардани мавҷудияти таҷҳизотҳои зарурӣ (сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак) аз назар гузаронанд.
Ассалому алейкм илтимос ба саволи ман чавоби дуруст дихед ман дар шахри руссия ман корти ронандагиам ро гум кардам чихел ду бора бар гардонам ман шаройити ба ватан гаштан ро надорам
Савол аз: Мухаммад
Сохташуд: 06.09.2016 19:24
Барои барқарор намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар сурати гум шудани он, шаҳодатномаи нав бо сабти «Нусхаи дуюм» аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти доимии шаҳрванд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси ариза бо қайди воҳиди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар хусуси дар рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта мавҷуд набудан, варақаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълимӣ дода мешавад.
САЛОМ МУХТАРАМ ВАЗИРИ КОРХОИ ДОХИЛА ШУМОРО ВА ХАМАИ КОРГАРОНИ ВАЗОРАТРО БО РУЗИ 25 СОЛАГИИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗАМОН ТАБРИК МЕНАМОЯМ ВА БА ШУМО ШЕРДИЛ БУДАНРО ОРЗУ ДОРАМ
Савол аз: умедчон саидов
Сохташуд: 05.09.2016 23:44
салом ман истикомат кунандаи ш.Конибодом аслан корманди гайи низ як банда аст лек онхо формаи милитсяро дида аз худ рафтанд мо низ хизмат караги лек онхо бе нихояд зури мекунад корманди гайи бояд ба шахрванд чи тавр муносибат кунад
Савол аз: асрор
Сохташуд: 03.09.2016 21:44
Тибқи талаботи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо шаҳрвандон хушмуомила бошад.
Салом. Оё нафакахурони ВКД барои пушида гаштани либоси низоми хукук доранд, дошта бошанд дар кадом мавридхо.
Савол аз: Камолов Ф.А.
Сохташуд: 29.08.2016 13:48
Банди-51, зербанди б-и «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва хурди рохбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки ба шахсони ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда ғайр аз шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ва хизмати ҳарбӣ 20 сол ва зиёда бенуқсон хизмат кардаанд (бо ҳисобкунии имтиёзӣ) ҳангоми озодкунӣ ба истеъфо ё эҳтиётӣ бо фармони сардороне, ки озодкуниро амалӣ менамоянд, ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқарраршуда дода мешавад, инчунин аз тарафи сардорони мазкур ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқараршуда барои шахсоне, ки барои содир намудани чиноят ва амалу кирдоре, ки шаъни макомоти корҳои дохилиро паст мекунанд, маҳкум шудаанд, қатъ карда мешавад.
Ба шахсоне, ки бо либоси низомӣ гаштан иҷозат дода шудааст, метавонанд дар ҳамаи мавридҳо либоси низомиро ба бар намоянд.
Салом! Саволам чунин аст! Истифода бурдани лабавойҳои пеши мошин ки пурра кабуд карда шудаанд ва меъёраш тахминан то 20 фоиз аз тарафи завод ранг карда шудаанд истифода бурдан мумкин аст? имрӯзҳо дар бозорҳо ин намуди лабавой фурӯхта мешаванд мо низ мехоҳем истифода барем оё иҷозат аст? Агар иҷозат набошад мувофиқи кадом қонун?
Савол аз: Муҳаммад
Сохташуд: 26.08.2016 11:20
Мувофиқи талаботи Стандарти ГОСТи 5727-88 агар нургузаронии шишаи пеши (лобовой) воситаи нақлиёти Шумо на камтар аз 75 фоизро ташкил намояд, Шумо метавонед бидуни иҷозатнома воситаи нақлиётро истифода намоед. Тибқи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаи пеши сиёҳкардашуда ё дигар ранг, манъ мебошад.
Добрый день.
Пишу по очень важному делу. Я Фирдавс Ниёзов, проживаю в г.Худжанде.
Собираюсь на 1 год учится в Словакии. Для визы нужна справка о несудимости. Я взял справку в департаменте информационного дела МВД в Согдийской области. Сделал апостил в МИД-е и отправил копию в посольтсво.
Там говорится что эта справка не подойдет и нужно взять справку в Душанбе. Причина они думают, что эта справка действительна только в Согдийском регионе.
Что мне дальше делать? Идти в Душанбе или эта справка подойдет. Если она подходит могли бы вы сделать официальное письмо с текстом о том что вне зависимости где дана справка она действительна по всей Республике Таджикистан.
Очень жду вашего ответа.
Спасибо.
Савол аз: Ниёзов Фирдавс
Сохташуд: 25.08.2016 14:59
На основании требований Инструкции «О порядке представления гражданам справок о наличии (отсутствии) у них судимости» Информационные центры УМВД в областях уполномочены предоставлять гражданам справки о наличии (отсутствии) у них судимости.
В исключительных случаях и при возникшей необходимости Главным информационно-аналитическим центром МВД Республики Таджикистан на основании Вашего письменного обращения в адрес начальника ГИАЦ МВД Республики Таджикистан с приложением справки выданной из Информационного центра УМВД в Согдийской области, будет выдана справка о наличии (отсутствии) судимости (при невозможности личного присутствия заявителя, с заявлением по вопросу представления справки о наличии (отсутствии) судимости у гражданина, может обратится уполномоченное им лицо).
Салом алейкум ман мехостам фахмам ки хангоми манъ кардани корманди БДА ронананда метавонад саволу чавоби корманди БДА-ро ба навор гирад.Агар ха ,пас ба кучо наворро барои шикоят пешниход кунад.
Савол аз: Абдурахмон
Сохташуд: 24.08.2016 11:27
Дар чунин маврид Шумо танҳо баъд аз гирифтан ва пешниҳод намудани иҷозати расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонед бо истифода аз таҷҳизоти наворбардор саволу ҷавоби корманди БДА-ро зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ба навор гиред.
Салом)))) савол чунин аст! Кадом намуди ичозатнома барои сиёх е кабуд намудани оинаи пеш яьне (лобовой) мусоидат мекунад!
Савол аз: Amriddin
Сохташуд: 05.08.2016 06:59
Мувофиқи талаботи Стандарти ГОСТи 5727-88 агар нургузаронии шишаи пеши (лобовой) воситаи нақлиёти Шумо на камтар аз 75 фоизро ташкил намояд, Шумо метавонед бидуни иҷозатнома воситаи нақлиётро истифода намоед. Тибқи дигар санадҳои меъёрй-ҳуқуқии амалкунанда истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаи пеши сиёҳкардашуда ё дигар ранг манъ мебошад.
---Салом ман дар шахри Россия мебошам ман метавонам хучатти ронандаги гирифтан бо ягон рох аз Ч,Точикистон
аз шумо хохиш дорам чавобашро ба зуди равон кунед интизорам ))))))))
Савол аз: Мухаммад
Сохташуд: 04.08.2016 01:08
Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ Шумо метавонед дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи тиббӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, варақаи ронандагӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ танҳо ба воҳиди бақайдгирию имтиҳонотии маҳалли зисти доимии худ, яъне дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
хохишмандам оиди Моддаи 346. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ муфассал шарх медодед. чун, ки хамаи чоихои минтакахои ахолинишин чои тавакуф шудааст. оё дар холати аломат вучуд дощтан манъ аст?
Савол аз: Мухааммад-амин аз Лахш
Сохташуд: 02.08.2016 17:42
Тибқи талаботи моддаи 346-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷавобгариро барои таваққуф ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ (назди биноҳои истиқоматии шаҳру ноҳияҳо), ки баъзан беназорат гузошта ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеа ба вуҷуд меоранд, пешбинӣ менамояд.
салом ба кормандони ВКД! Ман истикоматкунандаи нохияи Рудаки, саволи ман чунин аст: Такрибан як мох пеш ба болои автомашинаи ман, ки дар назди хона яъне дар куча дар назди девори хамсояамон истода буд девор афтид ва кормандони нозироти минтакави омада санад тартиб дода рафтанд, аз он руз то имруз кариб се хафта гузашт аммо ягон сару садое дар бораи кумак кардан нест. Агар онхо кумак карданро рад кунанд мо ба кучо шикоят карда метавонем? (Автомашинаи ман сугурта карда шудааст.)
Савол аз: Шахриёр
Сохташуд: 11.07.2016 09:52
Тибқи Қоидаҳои суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, дар мавриди рӯй додани ҳодисаи нохуш (роҳу нақлиёт) соҳиби воситаи нақлиёт ё ронандаи он дар сурати доштани суғуртаи ихтиёрии воситаи нақлиёт вазифадор аст, ки ба филиали ҷойи содиршавии ҳодиса ё ҷои шартнома басташуда ё КВД «Тоҷиксуғурта», муроҷиат намояд.
Ассалому алейкум ман мехостам оиди речаи кории майдончахои варзишие ки дуртар аз махалли истикомати мебошанд шабона то соати чанд мебошад ва агар дар холати зарури имконияти гирифтани вакти иловаги бошад кадом макомот ичозат медихад
Савол аз: Хусрав
Сохташуд: 08.07.2016 17:46
Оид ба реҷаи кории майдончаҳои варзишие, ки дар маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд шуда, фаъолият карда истодаанд, реҷаҳои кории майдончаҳои зикршуда аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо муайян карда мешавад, лекин баъди соати 22:00-дақиқа барои халадор накардани оромии мардум чунин майдончаҳо бояд фаъолият накунанд.
Ассалому алейкум. Ман 16-сола ҳастам, оё ман ҳуқуқи мошин ронданро дорам? Ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтанам мумкин аст, агар шиноснома дошта бошам?
Савол аз: Тимур Эшмуродов
Сохташуд: 04.07.2016 22:31
Мутобиқи банди 35 Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 № 306 тасдиқ шудааст, ба идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи «А», шахсоне, ки ба синни 16, категорияҳои «В», «С», инчунин мотоаробаҳо ба синни 18 ва категорияҳои дигар - ба синни 21 расидаанд, роҳ дода мешаванд.