|
23.12.с.2016, ба ШВКД дар вилояти Суғд бо ариза зани 19-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, муроҷиат намудааст, шаби 22 ба 23-юми декабри соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 5475-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр дастгир карда шуд.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
25.12.с.2016, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мутахассисони шабакаҳои барқии пойтахт, муайян гардид, ки соҳибкор, марди 29-солаи сокини пойтахт, бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба дӯкони самбуса ва кулчапазӣ, воқеъ дар хонаи истиқоматиаш гузаронидааст.
Бо ин роҳ ӯ ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 2 ҳазору 211-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Табрикоти
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба мардуми шарифи Тоҷикистон
Ҳамкасбон ва ҳамватанони гиромӣ!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ташаббус ва иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид.
Қатъномаи мазкур мисли ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар мавзӯи об дар Маҷмаи Умумии СММ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, бо иттифоқи оро қабул гардидани он аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд гузошта, мақсади нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, ки ба хотири ҳаёт ва инсоният равона шудааст.
23.12.с.2016, ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров, аризаи марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ҳамин ноҳия дар он хусус ворид гардид, ки соли 2014, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 28 ҳазору 774 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
23.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 25-уми августи соли 2013, ба боварии марди 48-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 40 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин муайян гардид, ки номбурда, рӯзи 17.06.с.2016, бо роҳи фиреб ба бовариии марди 35-солаи сокини шаҳри Истиқлол даромада, аз ӯ 22 ҳазору 500-сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
23.12.с.2016, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ дар шаҳри Ҳисор муайян гардид, ки ҶДММ “Петроп-Хонақо”, муддати 6-моҳ қувваи барқро ғайриқонунӣ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ гузаронида, истифода бурдааст.
Зарари расонидашуда ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 3696-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт, муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар манзили истиқоматиаш, муддати 6-моҳ қувваи барқро ғайриқонунӣ, бе ҳисобгираки барқӣ истифода бурдааст.
Рӯзи 23.12.с.2016, ба ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 33-солаи сокини шаҳраки Сомониён, дар он хусус ворид гардид, ки шаби 19 ба 20-уми декабри соли равон, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 15-адад аккумулятор, ки маблағи 9000 сомониро ташкил медиҳанд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ҷавонони 23-солаи сокинони шаҳраки зикргардида, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими расмии баистифодадиҳии навбати дуюми Маркази гармидиҳии Душанбе 2, доир ба таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, аз ҳисоби нозирон ва муҳандисони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, то ба имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои номбурда корҳои муайяне амалӣ карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ин давра аз ҳисоби гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Душанбе 3030 ҳуҷраву манзилҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои С. Шерозӣ, Ҳ. Шерозӣ, Лучоб ва Маяковский, Айнӣ, Ак.Раҷабовҳо, А.Савдо, Титова, Бухоро, Н.Муҳаммад мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар баробари санҷиши хонаҳои истиқоматӣ ҳангоми баргузор шудани чорабинии зикршуда, вазъи бехатарӣ аз сӯхтори 118-адад иншоотҳои мухталифи хоҷагии халқ дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин аз санҷиш гузаронида шуд.
Аз рӯзгори собиқадори ВКД полковники милитсия Умаров Шариф Тулаганович
Меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба фаъолияти мақомоти милитсия дар синни 22-солагӣ ӯро ба ин ҷода оварда, аз корманди ҳайати қатори то ба рутбаи полковники милитсия расид. Полковники мустаъфии милитсия Умаров Шариф Тулаганович сию се соли ҳаёти пурбаракати худро дар сафи мақомот, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирию ошкорсозии ҷинояткорӣ сипарӣ намудааст. Маҳз самимияту садоқати ба ин касб дошта, ӯро маъруфу муваффақ гардонид ва аз милитсионери Хадамоти посбонӣ-пайроҳадорӣ то вазифаҳои роҳбарикунанда, сардори шӯъбаи милитсия камол ёфт.
Шариф Умаров 17-уми декабри соли 1951 дар деҳаи Қарчқуми шаҳри Конибодом, дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Ба вуқӯъ пайвастани як ҳодисаи сарироҳӣ дилбастагии мавсуфро ба милитсия ба вуҷуд овард ва талоши расидан ба орзӯи даврони наврасӣ, муҳаббат нисбати касб то охирин лаҳзаҳои мурод оромаш намегузошт.
«Ҳангоми мактабхонӣ ба ҳодисае рӯ ба рӯ гардидам, ки орзӯи корманди милитсия шуданро дар замирам ҷой намуд. Баъди аз дарс озод шудан мо як гурӯҳ талабагон шоҳиди садамаи нақлиётӣ гардидем. Нақлиёти сабукрав муаллимаамонро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Аз байни шоҳидон ман ягона нафаре будам, ки рақами автомашинаро дар хотир гирифта ба корманди милитсия - нозири минтақави Холбоев расонидам. Ҳушёрӣ ва хотираи қавӣ доштанамро тавсиф намуда, номбурда таъкид дошт, ки аз ман дар оянда милитсионери хуб мебарояд. Маҳз ҳамин баҳодиҳӣ ва сӯҳбати аввалин бо корманди милитсия, ки дар баробари симои ҷиддӣ доштан, хушмуомила ва либоси низомӣ ба ӯ хело мезебид, оташакеро дар дили ман ҷой дод» мегуяд Шариф Умаров.
Табрикоти
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҷавонони кишвар бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017
Ҷавонони бонангу номус ва содиқи миллат,
Имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шуд.
Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷӯҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, ки онҳо нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ зикр карданд, «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
22 декабри соли 2016, дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Раёсат, ҳайати шахсӣ, ДТММ, ШБДА РВКД дар ВМКБ ва сарбозону афсарони қисми низомии 3503 қушунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ иштирок намуданд.
Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳамаи ШВКД-и шаҳру ноҳияҳо, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», ШХДО дар ВМКБ бо иштироки тамоми ҳайати шахсӣ дар маҷлисгоҳҳо ташкил гардид.
Дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати шахсӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва дастовардҳои Ҳукумати мамлакат дар даврони 25-соли Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории навини Тоҷикистони мустақил маълумоти дақиқ гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инъикосгари воқеъии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат буда, дар он вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, имкониятҳои иқтисодиву молиявии давлат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда, фаъолияти бонизом ва муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва ҷамъиятӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат мавриди таҳлили Сарвари давлат қарор дода шуданд.
Имрӯз, (22.12.с.2016), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дастаҷамъона пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телевизион тамошо карданд.
Президенти мамлакат дар баромади хеш доир ба дастовардҳо дар тӯли 25-соли Истиқлолият, се ҳадафи стратегии мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, инчунин рушди соҳаи маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар суханронӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Академияи ВКД муассисаи таълимӣ-низомие мебошад, ки реҷаи махсуси дохилӣ дорад. Курсантони ин таълимгоҳ аз рӯзи аввали таҳсил бо фармони Вазири корҳои дохилӣ ба сафи кормандони ВКД дохил шуда, либоси низомӣ ба бар менамоянд. Пӯшидани либоси низомӣ талаботи махсуси худро дошта, он бояд тозаву озода, дарзмолкардашуда ва бо тамоми ҷузъиёташ пӯшида шавад. Дар баробари ин, бояд корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми пӯшидани либоси низомӣ намуди зоҳирии оинномавӣ дошта бошанд.
Бо назардошти ин гуфтаҳо, дар ҷаласаи нахустини падару модарони курсантони курси 4-уми факултети №2-и Академияи ВКД интизоми таълимӣ-хизматӣ ва давомоти курсантон муҳокима ва вазифаҳои минбаъда барои беҳтар намудани илмомӯзию рафтори донишомӯзон баррасӣ гардид.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.