|
28.12.с.2016, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини шаҳраки Нов ва соҳибкор, ҷавони 28-солаи ноҳияи Зафаробод бо гумони азонихудкунии маводи сӯзишворӣ дастгир гардиданд.
Муайян карда шуд, ки номбурдагон, аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи октябри соли 2016, дар нуқтаи таъминоти сӯзишвории “Дилшод-777”-и ноҳияи Спитамен, ки ба марди 31-солаи шаҳри Истаравшан, тааллуқ дорад, фаъолият намуда, сӯзишвории намуди “бензин” ва “дизели”-ро дар ҳаҷми 14280-литр ба маблағи 57120-сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаро азони худ намудаанд.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Дар вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, ки рӯзи 28-уми декабр баргузор гардид, оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар карда шуд.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯёнро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, фикру андешаҳои худро бо овардани далелу рақамҳо тақвият бахшид.
Кӯдакону наврасон бо як шодиву хурсандии беканор ба таҷлили Соли нави мелодии 2017 мешитофтанд ва ин рӯз барои онҳо ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда дар хотираҳо нақш хоҳад баст.
Бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло ва кормандони милитсия дар толори бинои театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва нафароне, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидаанд, чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Пешвои миллат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.
Дар партави Паёми баргузоргардида Вазорати корҳои дохилӣ тарбияи насли ҷавон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, ташаббус ва иқдоми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони милитсия дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб ҳамкориҳоро бо дигар сохторҳо, бахусус Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, суҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонон ва донишҷӯён вусъати тоза касб намудааст. Роҳандозӣ гардидани ин ибтикорот дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонони мамлакатро боз ҳам муттаҳид намуд.
Имрӯз (28.12.с.2016), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорат ярмаркаи махсулоти хоҷагии қишлоқ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиш анвои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи нисбатан арзон аз қабили гушт 20 сомонӣ, биринҷ – 5 сомонӣ, 1 килограмм асал 20 сомонӣ, картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, карам, гулкарам, турб бо нархи 1 сомонӣ, каду – 5 сомонӣ, тухм – 50 дирам, наск, нахуд ва лубиё - 3 сомонӣ пешкаши харидорон карда шуд.
Бо сипарӣ шудани соли 2016 он хотираҳои зиёдеро дар ёдҳо боқӣ мегузорад. Ин соли сипаришуда низ чун солҳои қаблӣ бо чандин рӯйдодҳояш дар хотири ҳар яки мо нақш мебандад. Мардуми тоҷик бо таҷлил намудани як қатор иду чашнҳои миллӣ, ки муҳимтарини онҳо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба маҷрои нави рушд ворид мегардад.
Дар баробари ҳамаи ин, дар рӯзи 22-юми декабр ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро низ бемуҳобот метавон ба қатори рӯйдодҳои хотирмони соли 2016 ворид кард. Зеро, Роҳбари давлат бо зикри бурду бохти фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар зарфи як соли сипаришуда, дар умум, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои соли нави 2017 ва давраи минбаъда муайяну мушаххас баён намуданд. Ҳамин аст, ки Паёми Сардори давлатро имрӯз дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва мақомоту идораҳои кишвар мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода, онро чун дастурамал барои ҳар як нафар шаҳрванди бедордили кишвар меомӯзанд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нуктаи муҳим таъкид намуданд. Аз ҷумла, дар интиҳои Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ мавсуф зикр карданд, ки:
«Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад.
Рузи 26.12.с.2016 ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур оиди ҳодисаи ғоратгарӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар деҳаи Коммунаи ҳамин шаҳр шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон С-6”, ки арзишаш 9000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ба мақомоти милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми сентябри 2016, марди 28-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ аавтомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс-222”-ро ба маблағи 115 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
26.12.с.2016, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони милитсия ва мутахассисони шабакаҳои барқии пойтахт муайян гардид, ки зани 64-солаи сокини шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба яке аз ошхонаҳои шаҳр гузаронидааст. Дар натиҷа ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 2 ҳазору 195-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
26.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани ҷорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 34-солаи сокини шахри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 58-дона маводи тарфгарии намуди “Мики маус”, дарёфт ва мусодира гардид.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД ба муносибати солгарди таъсисёбии ин муассисаи олии таълимии тахассусӣ баргузор гардид, роҳбарияти Вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг, маориф ва илм, мактабҳои олии кишвар, ҳайати кормандону омӯзгорон, курсантону шунавандагон ва собиқадорони ин даргоҳи илму маърифат иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромади худ иброз намуд, ки боиси сарфарозист, ки ҳамаи мо дар чунин чорабинии идона иштирок дорем. Тавре мавсуф изҳор дошт, таҷлили солгарди Академияи ВКД хеле хотирмон мебошад, зеро новобаста ба он, ки чоряк аср на чандон таърихи тӯлонӣ дорад, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи донишандӯзӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонистанд роҳи хеле дарози маърифатомӯзиро тай намоянд.
23-юми декабри соли 2016, бо Қарори комиссияи тахассусии Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ғолиби Озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин барои муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», таҳти унвони «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ» гардид.
Мавриди қайд аст, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.
Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳозирини муҳтарам, омӯзгорону шогирдон!
Ҳамкасбони азиз!
Имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро бо қадршиносӣ аз соҳибихтиёрӣ ва шукргузорӣ аз бунёди давлатдории миллӣ таҷлил намуданд. Тантанаҳои ҷашнӣ дар тамоми вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардиданд ва тантанаи имрӯза дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.
Яке аз рӯйдодҳои тоза ва фараҳбахшро дар оғоз қайд менамоям, ки қабул ва пазируфтани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва табрикоти самимонаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон ва Пан Ги Мун ба унвони Сарвари давлати тоҷикон, боз як далели боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва сиёсати ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.
Қабули ин иқдом аз ҷониби чунин як ташкилоти бонуфузи ҷаҳон на танҳо пирӯзӣ ва обрӯи Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин тамоми мардуми заҳматкаш, сарбаланд ва бонангу номуси кишварамон аст ва мову шумо бояд аз ин ифтихор намоем.
25.12.с.2016, ба мақомоти милитсия аризаи зани 28-солаи сокини пойтахт дар он хусус ворид гардид, ки худи ҳамон рӯз, тахминан соати 17:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро, ки арзишаш 7000-рубли русиро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, марди 32-солаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.