|
Имрӯз (24.11.с.2016), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо маҳфили «Ҳамешабаҳор» дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ бо иштироки шоирону нависандагон, аҳли зиё, ҷавонони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атоев ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуд.
Ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт марди 22-солаи сокини ноҳияи Рашт муроҷиат намудааст, ки санаи 23-юми ноябри соли 2016, тахминан соати 14:50-дақиқа, шахси номаълум аз назди хонаи истиқоматиашон автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
23.11.с.2016, тахминан соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, марди 42-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии болои шаҳри Ҳисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 7-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Имрӯз (23.11.с.2016), дар толори Раёсати ВКД дар ВМКБ ба муносибати Рӯзи парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати шахсии Раёсат ва дигар ҷузъу томҳои он иштирок намуданд.
Нахуст, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, кормандони милитсияро ба ин муносибат табрику таҳният намуд. Ӯ аз ҷумла, қайд кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо дастовардҳои назаррас ва омодагии хуб дар таъмини волоияти қонун солгарди қабули парчами миллиро бо ҳисси баланди ифтихор аз соҳибдавлатии кишвар ҷашн мегиранд.
23 ноябри соли 2016, соати 06:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи Айнӣ, дар назди меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 25-солаи сокини ноҳияи Ёвон бархурдааст.
Дар натиҷаи рух додани чунин бархурд автомашинаи «Опел-Астра» оташ гирифта, корношоям мегардад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин ҳодиса, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» ва ду мусофири дигари ҳамин автомашина ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Айни замон, аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар ҷойи ҳодиса корҳои тафтишотӣ давом доранд.
Ба мақомоти милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки шаби 20 ба 21-уми ноябри соли равон тахминан соати 23:00-дақиқа, шахсони номаълум дар ҳудуди деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай-Старекс”-ро боздошта, ӯро лату кӯб намудаанд.
Сипас, бо истифодаи зӯроварӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, 213-сомонӣ маблағи пулӣ ва рақамҳои автомашинаашро гирифта, ёрдамчии ӯ, марди 35-солаи сокини ноҳияи Восеъро аз автомашина фароварда, 770-сомонӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”-ро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ду нафар ҷавонони 25 ва 28 солаи сокинони ноҳияи Шаҳритуз дастгир гардиданд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Рӯзи 20.11.с.2016, тахминан соати 16:30-дақиқа, марди 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди маҳаллаи Чашмаи Арзандаи ҳамин шаҳр, дар ҳолати мастӣ бо марди 39-солаи сокини маҳаллаи зикргардида ҷангу ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ додааст.
Ин ҳолатро дида, писари 16-солаи марди 39-сола ба ғазаб омада, бо мушташ як маротиба ба рӯи марди 47-сола задааст, ки дар натиҷа охирон ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона вафот кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Ба ШВКД дар ноҳияи Дарвоз зани 23-солаи сокини деҳаи Қалъаихуми ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 7-уми сентябри соли 2016, тахминан соати 14:00-дақиқа, шахси номаълум пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як адад компютери тамғаи “Ноутбук” ва як адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”, ҷамъ ба маблағи умумии 1440-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 26-солаи сокини ноҳияи Дарвозро дастгир намуданд. Молу амволи дуздидашуда ба соҳиби он баргардонида шуд.
Айни замон дастгиршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.
Бояд ҳама дар шинохти омили асосии муттаҳидкунандаи ҷомеа, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, динӣ ва умумиятҳо барои шинохти ин рамзи давлатдории як ватан сарҷамъ бошем, - қайд карда шуд, дар чорабиние, ки бахшида ба рӯзи «Парчами давлатӣ» дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамоти мазкур иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия Бахтиёр Самиҳов дар мавзӯи «Парчами миллӣ ва раванди ташаккулёбии ҳуввияти миллӣ» маърӯза намуда, нахуст тамоми ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ба рӯзи «Парчами миллӣ», ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, муборакбод намуд.
Имрӯз (22.11.с. 2016), дар маҷлисгоҳи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки олимону сиёсатшиносон, шоирону нависандагон ва ҳайати шахсии раёсат бахшида ба таҷлили рӯзи «Парчами миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқаддасоти парчами давлатӣ» баргузор гардил.
Дар оғози чорабинӣ муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва нохияи Рашт майори милитсия Додарҷон Ҷӯрабекзода баромад намуда, қайд кард, ки парчами миллӣ баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эътимоди ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.
Ба мақомоти милитсия зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 11:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи бинои истиқоматиаш дучархаи истеҳсоли хориҷиро, ки арзишаш 700-доллари амрикоӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ду нафар писарбачаи 14-сола, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Санаи 18.11.с.2016, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз мавзеи “Сафедиён”-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, муайян ва боздошт гардид.
Гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш, марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10-метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, охиронро ба ҳалокат расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
21.11.с.2016, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 60-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола” таҳти идораи ронанда, марди 56-солаи сокини ноҳияи Данғара бархурдааст.
Дар натиҷаи чунин бархурд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Гумонбаршуда, санаи 18-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 19:00-дақиқа, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Бо рух додани чунин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.