|
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро бо гумони суиқасд ба куштор дастгир намуданд. Гумонбаршуда, рӯзи 28.11.с.2016 тахминан соати 07:30-дақиқа дар ҳудуди деҳаи Зафари ноҳияи Рӯдакӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷангу ҷанҷол карда, бо истифодаи корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Сипас, ӯ бо ҳамон корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба қисмати қафаси сина ва гулӯи худ задааст. Дар натиҷа, ҳар ду, ҷабрдидаю гунаҳкори ҳодиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
Ба мақомоти милитсия хабар расид, ки шаби 25 ба 26-уми ноябри соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор, марди 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ шуда, аз он ҷо 32-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногун, 50-адад симкортҳои ширкатҳои “Вавилон”, “Мегафон”, “Билайн” ва 5-адад флешкарта, ҷамъ ба маблағи 16314-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷинояти дуздӣ ду нафар ҷавонписари 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Восеъ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкурро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда рӯзи 22.11.с.2016 аз хонаи истиқоматии зани 54-солаи сокини шаҳри Кӯлоб 150000 рубли русӣ ва 5000-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 21000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Рӯзи 27 ноябри соли 2016, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа вобаста ба мавзӯи «Хусусиятҳои баррасӣ намудани масъалаҳои зӯроварӣ дар оила аз тарафи кормандони милитсия» семинар-тренинги омўзишӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он курсантони факултети № 2 Академияи мазкур фаъолона иштирок намуданд.
Семинар-тренинги мазкур бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар доираи Созишномаи шарикӣ миёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмиллалӣ роҳандозӣ шуда, ба яке аз мавзӯъҳои мубрами фаъолияти милитсия – пешгирии зӯроварӣ дар оила ва масъалаи мақоми зан дар оила ва ҷамъият аз нигоҳи ҳуқуқ ва дини ислом бахшида шуда буд.
Санаи 26 ноябри соли 2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, маҳкумшуда Амонуллохон Носириро, ки аз муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд фирор намуда буд, дастгир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳкумшуда Носирӣ Амонуллохон рӯзи 24-уми ноябри соли 2016, аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо фирор намудааст. Баъди ду рӯзи ғайриқонунӣ дар озодӣ қарор доштанаш, номбурда дар ҳудуди деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дастгир ва ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шуд.
Маҳбус Амонуллохон Носирӣ, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, деҳаи Шуртанг буда, солҳои гуногун се маротиба суд шудааст.
Нисбати ӯ соли 2005 мутобиқи талаботи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди 120 соат корҳои ҳатмӣ, соли 2009 бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ ва санаи 04.07.с.2013, барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар асоси талаботи моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Исфара ба мӯҳлати 11 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо таъин карда шудааст.
Акбар Шарифов капитани милитсия.
Рӯзи 26.11.с.2016, тахминан соати 14:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехӯрад. Инчунин, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ронандааш марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, ба қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и дуюм мезанад. Дар натиҷаи бархӯрди автомашинаҳо, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра”-и якум, ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Данғара дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и сеюм, зани 55-солаи сокини ноҳияи Данғара ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
26.11.с.2016, тахминан соати 23.00-дақиқа, марди 56-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо истифодаи корд чор маротиба ба узвҳои бадани ҳамсари 49-солааш задааст. Дар натиҷа, зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас ӯ бо корди дар дасташ буда, чор маротибаи дигар ба узвҳои бадани худ зада, ба беморхона интиқол дода мешавад. Нисбати марди гумонбаршуда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Ба мақомоти милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки аз соли 2015 то инҷониб шахсони номаълум якчанд маротиба бо роҳи пинҳонӣ вориди анборхонааш шуда, аз он ҷо борхалтаҳои полиэтилениро, ҷамъ ба маблағи 240000-сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ду нафар ҷавони 19 ва 20-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуданд.
Дар шаҳри Кӯлоб низ як ҷинояти дуздии қаблан бақайдгирифташуда ошкор гардид. Моҳи июли соли 2016 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳавлии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур 16 сар мурғи марҷонро, ки арзиши умумиашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздӣ ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд. Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва ба қадри Ватан – Модар расидани ҷавонон, дарк намудани калимаҳои ҷиҳод, терроризму экстремизм, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳафтаи равон дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
25.11.с.2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар ҷавонони 23-24-солаи сокинони шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир гардиданд.
Гумонбаршудагон моҳи июли соли 2016, дар назди яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ муддати 10-15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанберо лату кӯб намуда, сипас бо корди дар дасташон буда, 2-3 маротиба ба узвҳои баданаш задаанд. Дар натиҷа, ҷавони ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
25.11.с.2016, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо” марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар мавзеи “Симарғ”-и ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” таҳти идораи ронанда, марди 49-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бархурдааст.
Дар натиҷаи чунин бархурд ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо” бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири автомашинаи мазкур марди 24-солаи сокини шаҳри Истаравшан бошад, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дирӯз (24.11.с.2016) дар Академияи ВКД бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Парчам - рамзи давлату давлатдорӣ» доир гардид.
Дар семинари мазкур сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, нависанда Маҷид Салим, шоир, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Парда Ҳабиб, саркоргардони барномаи чорабиниҳои оммавӣ Баҳриддин Раҷабов ва ҳайати устодону курсантони Академияи ВКД иштирок намуданд.
24.11.с.2016, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Дилнишин ба самти деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони муҳофизатӣ бархӯрда, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24.11.с.2016, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-131”, марди 59-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷойи кораш муассисаи давлатии назорати роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи мазкур, ҳангоми қум пошиданашон дар ҳудуди роҳҳои байни хоҷагии Маданият бинобар сабаби яхбандии роҳ автомашинаро чаппа кардааст. Дар натиҷа кормандони корхонаи мазкур: марди 61-сола ва марди 32-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи 23.11.с.2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда моҳи майи соли 2016 бо роҳи пинҳонӣ аз ҶСП “Баракати Ёвон”, 10 сар чорвои калони шохдорро дуздида, ба корхонаи мазкур зарари калон расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
(Анҷоми чорабинии идона) Тавре қаблан иттило дода будем, имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо маҳфили «Ҳамешабаҳор» дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ бо иштироки шоирону нависандагон, аҳли зиё, ҷавонони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар доир гардид.
Маҳфили идона аз 7 равза: афрӯза, афроза, ангеза, ангора, афшона, афшина, андеша иборат буда, ҳар бахш доир ба қироати шеър, зарбулмасалу мақол, ҳикматнома, байтбарак, латифа, чистон, муаммо ва шеърҳо аз эҷодиёти навқаламони ҷавон дар васфи Парчам, Ватан, Пешво, модар, сулҳу дӯстӣ роҳандозӣ гардида буд.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.