Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баромад

Ҳозирини гиромӣ!

Дар интихоби ин пешаи бошарафу пурифтихор ва хоси мардони ватанпарвару миллатдӯст, баҳри иҷрои вазифаҳои душвору масъулиятнок барору комёбӣ таманно менамоям.  

Аз таъсис ва ташкили Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ 20 сол пур мешавад. Ҳайати шахсии он аз  даврони таъсиёбӣ то ба имрӯз дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва набард бо даставу гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ саҳми назаррас гузошта, барои таъмини оромӣ, мубориза бо дастаҳои масаллаҳи ҷинояткор, ҳифзи молу мулк ва манфиатҳои сокинони кишварамон хизмати арзанда ва ҷонфидоӣ кардаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 5-уми декабри соли 2013, дар рӯзи ҷашни таъсисёбииВоҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, дар маросими ба истифода додани ин бинои 5-ошёнаи хуштарҳи замонавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, аз ранҷу заҳмат ва корнамоиҳои шумо дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар гардиданд.

Гарчанде аз таъсиси Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ солҳои зиёде нагузаштааст, вале дар тӯли фаъолияташ собит намуд, ки кормандони он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омода ҳастанд, барои ҳифзи ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ҷони худро нисор созанд.

Дарки баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлату миллат буд, ки кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар муборизаҳои сангин дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок карда, аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон доданд.

Далерию мардонагии фарзандони ин сарзамин, кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Зоиршо Қаландаров, Олег Захарченко, Муқимҷон Алиев, Фарух Зарипов, Зариф Саидов, Олег Дудиев, Шералӣ Давлатов, Иброҳим Ҷӯраев, Бобобек Тиллоев, Ҷамшед Махсумов, Тоҳир Усмонов ва дигарон беҳтарин намунаи диловарию корнамоӣ ва садоқат ба Ватан мебошад, ки барои ҳимоя ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ҷони худро нисор карданд.

Муборизаи ҷоннисоронаи кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткори Назарзода Ҳалим дар моҳи сентябри соли равон, бори дигар собит намуд, ки дар ҳайати ин воҳидҳо фарзандони баору номус, далеру шуҷоъ ва содиқ ба ин сарзамин адои вазифа мекунанд.

Гарчанде дар ин муқовимати мусаллаҳона 6 нафар кормандони ин ниҳод ҳалок гардиданд, вале онҳо тавонистанд, гуруҳи мусаллаҳеро, ки дар қасди табаддулоти давлатӣ ва ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар  буд, безарар гардонанд.

Ба супориш ва дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия Дмитрий Буриев, Алибой Идиев, Дилшод Саъдуллоев, Мирмад Ҳасанов, Раҷабмурод Орипов, Алишер Ҷобиров баъд аз марг бо мукофотҳои давлатӣ ва оилаҳои онҳо бо дастгирии моддӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Хотираи неки ин родмардони Ватан дар таърихи милитсия ва дар қалби ҳамкорону дӯстон ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҳозирини гиромӣ!

Кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар тӯли солҳои сипаригардида, вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷой оварданд. Онҳо дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз аз душвортарин муқовимату санҷишҳо гузашта, ҷиҳати безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳу ҷинояткор ва таъмини амнияти шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштанд.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини фаъолияти назарраси Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва бо мақсади мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи Рашт воҳидҳои минтақавии махсуси милитсия таъсис дода шуда, бинову иншоотҳои замонавӣ бо тамоми шароитҳо, толору ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ, ҷойи хоб, ошхонаву ҳаммом ва ғайра мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, омодабошии ҷангӣ, такмили корҳои кашшофию харитасозӣ, фаъолият дар шароити кӯҳсор, тайёр намудани мутахассисон оид ба истифодаи техникаи махсус ва иҷрои саривақтии амру супоришҳо, соли равон Маркази таълимии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, минтақаи Рашт ва ноҳияи Шаҳристон таъсис дода шуд, ки кормандони воҳиди махсус дар он маҳорати касбии худро такмил медиҳанд.

Ҳамчунин, барои ҳайати шахсии Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Академия ва Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ гузаронида мешаванд.

Имрӯз дар ин маросими тантанавӣ боз як Маркази таълимӣ, иборат аз ду бинои якошёна ва як бинои панҷошёна ба истифода дода шуд, ки дар оянда барои такмили малакаи касбӣ ва баланд бардоштани донишу маърифати кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорат хизмат менамояд.

Кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ барои мубориза бурдан бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ошкорсозӣ ва безараргардонии ин гурӯҳҳо, итттиҳодияҳои ҷиноятии байналмилалӣ, бартараф намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок омода буда, вазифаи худро софдилонаву содиқона баҳри таҳкими истиқлолият, осудагии кишвар ва баланд бардоштани обрӯву эътибори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сарбаландона иҷро менамоянд.

Вазифаи асосии Шумо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҳарбӣ, омодабошӣ ба ҳама гуна ҳолатҳои хатарафзо, ба дараҷаи аъло аз худ намудани техникаву лавозимоти ҷангӣ ва иҷрои бечунучарои фармону супоришҳои  роҳбарият  мебошад. 

  Боварии комил дорам, Шумо ба савганди худ содиқ монда, ба миллату давлати худ эҳтиром мегузоред ва барои таҳкими волоияти қонун, тартибу интизом, оромию осудагӣ ва сулҳу субот, ҳифзи давлати соҳибистиқлол, демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон  донишу малака ва маҳорати касбии худро дареғ надошта, вазифаи муқаддаси худро дар пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, содиқона ба ҷой меоред. 

Бори дигар, аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорат Шуморо бо рӯзи ҷашнатон самимона муборакбод намуда, бароятон саодату сарбаландӣ, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

 

Идатон муборак бошад!


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика