Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Вазири корҳои дохилӣ

Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».

     Дар тақвияти суханони Президенти кишвар гуфтаниям, ки мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳақиқат дар давраи хеле ҳассоси ҷаҳонишавии равандҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, савдои одамон, хариду фуруши силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор қарор дорем ва бевосита мубориза ба ин унсурҳои номатлуб аз мо кормандони оперативӣ дониши мукаммали самти оперативӣ, малакаи баланди касбӣ, ҷасурию чолокиро талаб менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷиноятҳои  дар қаламрави кишварамон содиргардида, зиёда аз 90 фоизи онҳоро маҳз ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ мекушоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони оперативӣ моҳияти ин самтро дар фаъолияти кориашон дуруст дарк кардаанд, ва дар мубориза ба ҷинояткорӣ муваффақ гардидаанд.

Бо ҳамин мақсад, роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми се соли охир бо иштироки кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўии ҷумҳурӣ чандин конференсияҳои илмӣ-амалӣ ба ҳамин мавзўъ бахшидаро дар сатҳи баланд гузаронида, дастури таълими, дастурамалу маҷалаҳо ба чоп расонида, пешкаши кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ гардонид, ки ҳамаи субъектони ФОҶ дар фаъолияти ҳаррўзаи худ истифода бурда истодаанд.

Баргузории семинарҳои илмӣ-амалӣ дар мавзўҳои гуногуни самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар солҳои 2013 - 2015 дар минтақаи Оқтангии ноҳияи Шаҳристон ва Марғоби шаҳри Ваҳдат бо иштироки ҳамаи кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, баҳри он равона гардида буд, ки кормандони оперативӣ бо якдигар оид ба фаъолияти кориашон мубодилаи афкор намуда, аз тарзи дуруст дар амал тадбиқ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ байни якдигар ибрози назар намоянд.

Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ - милитсияро бе ранҷу заҳмати кормандони Раёсатҳои оперативӣ наметавон тасаввур кард. Зеро асоси фаъолияти ин ниҳоди бонуфузро маҳз дӯст доштани ватан, эҳсоси садоқату самимият ба кору вазифа ва эҳтиром ба давлату миллат ташкил дода, пешрафту самаранокии кори дигар ҷузъу томҳо, аз натиҷаи фаъолияти онҳо сарчашма мегирад.

Ман дар китоби худ «Кори гумоштавӣ-оперативӣ», ки соли равон аз чоп баромад, боби алоҳидаро маҳз ба кормандони оперативӣ бахшидаам. Дар он қайд намудаам, ки кормандони оперативӣ бояд дорои чунин сифатҳо бошанд: инсондустӣ, адолатпарварӣ, вазифашиносӣ, ору номус (шараф), виҷдон, интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ, ҳисси ифтихор аз касб, сатҳи баланди зеҳну хирад, хотираи хуби босиравӣ, хотираи хуби сомеавӣ (яъне, шунавоӣ), мушоҳидакорӣ, тезфаҳмӣ, нақшофарӣ, таҷассумшавӣ, зирракӣ, ҳушёрӣ, далерӣ, чусту чолокӣ, шуҷоатмандӣ, сипоҳӣ, пуртоқатӣ, қобилияти бартараф намудани таъсири шароити боду ҳаво, гуруснагӣ ва бехобӣ, доштани маҳорати найрангбозӣ, истифодаи тарзу усулҳои ҳилабандии оперативӣ, пешбининамоӣ, қобилияти таҳлил намудани ҳар гуна зуҳурот, доштани ҳусни муошират, қавииродагӣ, принсипнокӣ, ботамкинӣ (яъне, ба эҳсосот дода нашудан), устуворӣ ба ҳар гуна таъсири ҳолатҳои ҳаяҷон ва ғайра.

Дар умум метавон гуфт, ки кормандони оперативӣ таҳкурсии (пойсутуни) иқтидори зеҳнии ФОҶ ба ҳисоб мераванд.

Муборизаи беамон бурдан бо ҷинояткорони хавфнок ва гуруҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, дастгиру безарар гардонидани ашхоси ҷиноятпеша, аз масъулияти басо муҳиму ҳасос ва хатарнок ба ҳисоб рафта, аз кормандони Раёсатҳои оперативии Вазорати корҳои дохилӣ маҳорату малакаи хуби касбӣ, лаёқату истеъдоди корбарӣ ва дарки баланди масъулиятро тақозо менамояд.

Ҳамкасбони гиромӣ, савол ба миён меояд, ки барои чӣ 5-уми октябрро мо рузи иди тамоми кормандони оперативӣ эълон намудаем, на ин ки танҳо як рўзи кормандони ҷустуҷўӣ ҷиноятӣ (уголовный розыск)! Барои он ки кори тамоми бахшҳои оперативӣ аз фаъолияти ҷустуҷўӣ ҷиноятӣ манша гирифтааст ва, бояд қайд намоям, ки фаъолияти тамоми бахшҳои оперативӣ, баҳри иҷрои як вазифа сафарбар шудаанд.

Агар ба таърихи ташаккули бахши оперативӣ назар созем, мебинем, ки он дар шароити ниҳоят душвор ва мураккаб ба вуҷуд омадааст.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, кормандони оперативӣ новобаста аз мушкилоти моддӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва техникӣ тавонистан манфиатҳои миллии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистонро ҳимоя ва масъулияти ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро намоянд.

Воқеаҳои ахире, ки аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ва пойтахти кишвар рух доданд, ин идомаи ҳамон амалу кирдори гуруҳҳои ифротгаро ва ҷинояткор буд, ки аввали солҳои 90-ум ва охири солҳои 2000-ум вазъро дар кишвар ноором сохта буданд.

Дар муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳи террористӣ ва ҷинояткори Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ саҳми кормандонии оперативӣ ва воҳидоти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, ниҳоят назаррас буд. Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсатҳои оперативӣ беш аз 100-нафар аъзои гурӯҳ дастгир, 32-нафар безарар ва зиёда аз 650-адад силоҳи оташфишон (КДАМ-14 адад силоҳ), миқдори зиёд тирҳои қутрашон гуногун ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Вазъияти ноороми ҷаҳони имрӯза, ҷангу муноқишаҳои дохилӣ ва хатари терроризму экстремизм моро ҳушдорӣ медиҳад, ки дар заминаи фаъолияти дастаҷамъона, ҳамкории самараноки аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба муқобили ин зуҳуроти ба ҳаёти инсонҳо хатарнок, дар якҷоягӣ мубориза барем.

Душманони давлату миллат мехоҳанд зери ниқоби дини мубини ислом бо роҳандозӣ намудани ақидаҳои ифротгароӣ вазъи сиёсиро халалдор ва ҳадафҳои душманонаи худро амалӣ созанд.

Бояд таъкид намоям, ки ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ муносибат ва умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд.

Ҳаёт борҳо собит намудааст ҳар касе, ки ба муқобили давлату миллат, халқ ва ормонҳои мардуми кишвар мебарояд, оқибат ба нокомӣ дучор мегардад.

Фаъолияти босамари Раёсатҳои оперативӣ имкон дод, ки кушторҳо ва роҳзаниҳои бераҳмонае, ки миёни мардум боиси ҳар гуна овоза ва сарусадо гардида буданд, ошкор карда шаванд. Боздошт гардидании қотилони оилаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бурҳоновҳо дар шаҳри Хуҷанд, куштори бародарон Каримовҳо, сокинони ноҳияи Ҳисор ва роҳзании оилаи Содиқовҳо дар шаҳри Душанбе  натиҷаи фаъолияти пурсамари кормандони оперативӣ буд.

Пешгирии амалҳои террористӣ ва дастгир намудани аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояпеша, таҳти роҳбарии Маханов Аламурод, бо тахаллуси «Устод» ва «Ҳазрат», ки роҳбарии «Ҳаракати исломии Узбекистон» - ро дар Тоҷикистон ба ӯҳда дошт, ҳамзамон боздошти шаҳрвандон Бобоҷони Раҷабалӣ, сокини шаҳри Душанбе ва Ҷабборов Садриддин, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо дастуру супориши хоҷагони худ аз давлати Сурия, қасди тарконидани якчанд биноҳои шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар шаҳрҳои Кулоб, Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро доштанд, барҳам зада шуд.                                                              

Ошкору дастгир намудани гурӯҳи муташаккил, иборат аз сокинони шаҳри Турсунзода, аъзоёни гуруҳи террористии «Мусулмонони солеҳ», ки қасди тарконидани Ширкати Алюминийи тоҷик, биноҳои маъмурии Ҳукумат, прокуратура, КДАМ ва дигар иншоотҳоро доштанд, натиҷаи заҳмати кормандони оперативӣ буд, ки пеши роҳи содиршавии актҳои террористӣ гирифта шуд.

Муомилоти ғайриқонуни воситаҳои нашъадор аз масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо талошу кӯшиш ва ранҷу заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус шӯъбаву Раёсатҳои оперативӣ ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира карда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар сол зиёда аз 50 фоиз маводи мухадирае, ки дар ҷумҳури мусодира карда мешавад, ба МКД рост меояд.

Барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ дар соли 2014 ва нуҳ моҳи соли ҷори беш аз 300 нафар кормандони оперативӣ ба хориҷи кишвар сафар намуда дар курсҳои омузиши, конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намуданд.

Инчунин баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва нерӯи зеҳнии кормандони ин соҳа, соли гузашта озмун бо иштироки кормандони оперативии Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардид, ки ғолибон бо тӯҳфа ва мукофотҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Бо мақсади боло бурдани мавқеи онҳо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо маблағи пулӣ таъсис дода шуд, ки ҳар нафари онро соҳиб гардида, аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла барои ба вазифаҳои баланд таъин гардидан, хона гирифтан, ҷиҳати иштирок дар конференсия, Мизи мудаввар ва сӯҳбату вохуриҳо ба хориҷи кишвар сафар кардан имконият медиҳад.

Дар соли 2014 ва соли ҷорӣ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус оперативӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла ордену медал, нишони сарисинагӣ, ифтихорнома, тӯҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардиданд.

Танҳо дар амалиёти ахир алайҳи гуруҳи мусаллаҳи ҷинояткорӣ Абдуҳалим Назарзода, беш аз 600 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ордену медал, туҳфаҳои пулӣ ва рутбаҳои баланди ҳарбӣ қадршиносӣ гардиданд.

Боварӣ ва эътимоди зиёд дорам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз дастгириву ғамхории роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, рӯҳбаланд гардида, масъулияти бар душ доштаашонро содиқона ва сарбаландона иҷро менамянд.

Бори дигар, ҷашни кормандони оперативиро ба шумо табрику таҳният намуда, бароятон саломатӣ, рўзгори осуда, осмони софу беғубор ва дар кору фаъолияти заҳматталабу боифтихоратон барору комёбӣ, таманно менамоям.   

Ид муборак кормандони шӯъбаву Раёсатҳои оперативӣ! 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика