Вобаста ба ислоҳоти милитсия Вазорати корҳои дохилӣ аллакай як қатор корҳоро амалӣ карда истодааст, аз ҷумла «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013‐2020» «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» ва Нақшаи амаликунонии он қабул карда шуд.
Дар заминаи ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зич бо ҷомеа, мушовири Вазири корҳои дохилӣ оиди кор бо ҷомеа ва дар назди сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо воҳиди кории ёрдамчии сардор оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шуд. Дар Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ Телефони боварии Вазир таъсис дода шудааст, чунин телефонҳои «Боварӣ» дар Раёсатҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ низ амал мекунанд, ки ба воситаи онҳо ҳар сол зиёда аз 1000 арзу муроҷиатҳо ворид мегарданд.
Илова бар ин, сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ низ дар ин самт фаъолият намуда, дар соли 2014 ва се моҳи соли ҷорӣ 88 арзу шикоятҳо ва дархостҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи сомона ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қабули шаҳрвандон дар Дастгоҳи марказӣ ва дар ҷойҳо бевосита аз ҷониби роҳбарони аввал ба роҳ монда шудааст. Бо дастури бевоситаи Роҳбари Давлат қабули шаҳрвандон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар аз ҷониби ман амалӣ гардида истодааст, ки шаҳрвандон метавонанд арзу муроҷиати худро озодона иброз намоянд.
Дигаргунсозии системаи таълим дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба тайёр намудани кормандони касбӣ, тарзи қабул, баланд бардоштани савияи дониш ва мукаммалсозии системаи таълимӣ дар базаи Академияи мазкур, тарзи қабули шаҳрвандон (довталабон) ба ин муассисаи таълимӣ ва ба ин раванд ҷалб намудани аҳли ҷомеа барои шаффофияти тарзи қабули довталабон, яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот ба ҳисоб меравад.
Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз гардид, ки дар он тамоми шароитҳо барои таҳсили донишҷӯён муҳайё карда мешавад.
Барои ба ҳадафҳои стратегии ислоҳоти милитсия расидан аз ҷониби мо дар ҳамаи маркази вилоятҳо утоқҳои кории махсус барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ҷудо карда шуд, ки мувофиқи нақшаи якҷоя бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ин биноҳо таъмиру тармим карда шуда, бо таҷҳизотҳои компютерӣ ҷиҳозонида мешаванд.
Чи хеле, ки Шумо тариқи васоити ахбори омма огаҳ ҳастед, дар давоми як моҳи охир дар тамоми вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Кӯлобу Рашт интихоботи Раис, муовин, Роҳбари Гурӯҳи корӣ ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шуморо барои интихоб шуданатон бо ин мақоми бонуфузи ҷамъиятӣ табрик мегӯям ва барои фаъолияти минбаъдаи пурсамар ва хайрхонаи Шумо ҷиҳати барпо намудани робитаи мустаҳкам миёни милитсия ва ҷомеа муваффақиятҳо орзумандам.
Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба аъзоёни он ваколатҳои бевосита дода шудааст, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштироки фаъолона дошта бошанд ва ҳар лаҳза метавонанд фикру ақидаҳои хешро ба самъи роҳбарияти Вазорат ва ҷамъият расонанд ва бо ин роҳ дар пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳиссагузор бошанд.
Бо дастгирии Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қаламрави ҷумҳурӣ системаи «комюнити – полисинг» яъне Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа созмон дода шуд, ки айни замон шумораи онҳо ба 30-адад мерасад ва натиҷаи хуб ҳам оварда истодааст. Тибқи «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» чунин шӯроҳо бояд дар тамоми Шуъбаҳои корҳои дохилӣ ташкил карда шавад. Айни замон мо Низомномаи чунин шӯроҳоро коркард намуда истодаем, ки пас аз муҳокима бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Дар фаъолияти марказҳои таъсис гардида, аъзоёни фаъоли ҷомеа, шахсони обрӯманди деҳот ва маҳалҳо, инчунин адвокатҳо, ходимони илму адабиёт ва ғайраҳо шомил мебошанд, ки ин фаъолиятро минбаъд бояд Шумо роҳбаладӣ намоед.
Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ барои дастгирии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан нозирони минтақавӣ ва милитсионерони посбониву пайраҳадорӣ нақши муҳим доранд. Ин барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.
Ҳозирини гиромӣ, мо кормандони милитсия дар оянда ният дорем, ки тибқи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 дар мисоли кишварҳои пешрафтаи Аврупо дар Тоҷикистон системаи нави ҳамкории милитсияро бо аҳолӣ ҷорӣ намоем, агар ин пешниҳод аз ҷониби кишварҳои донор дастгирӣ ёбад, фикр мекунам, ки ҳамаи нақшаҳои стратегии милитсияи тоҷик ба зудӣ дар амал тадбиқ мегарданд.
Дар навбати худ Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Шумо - муҳтарам аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати баланд бардоштани обрӯю нуфуз ва мақому манзалати милитсия ва ташаккули фаъолияти кормандон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамаи чораҳоро меандешад.
Ташаккур ба диққататон!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>