Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баромади Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус қисми низомии 3503 баъди соҳиби чунин шароиту имкониятҳои хуби хизматрасонӣ гардидан, масъулияти бар душ доштаашонро баҳри пойдории суботу оромӣ, амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва якпорчагии Ватани азизамон, бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.

Таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз рукнҳои муҳими таъмини суботу оромӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, он собит менамояд, ки фарзандони ин сарзамини бостонӣ, барои ҳифзи обу хок, боигарӣ ва дороии Ватани худ содиқ буданд ва ҳамеша содиқ мемонанд.

Имрӯз мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки баъди талошу кӯшишҳои зиёд, таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба як давлати воҳид, мустақил ва бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиб гардидем.

Сол аз сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва авҷи тараққиёти иқтисодиёту саноат, ба беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонии афсарону сарбозони Қушунҳои дохилӣ мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудаанд.

Имрӯз биноҳои хуби замонавӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, ҷойхобу ошхона, толорҳои варзишӣ, майдонҳои машқи тактикӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ дар ихтиёри сарбозону афсарон қарор дошта, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд.

Муҳимтар аз ҳама боиси ифтихору сарфарозист, ки сокинони кишвар имрӯз дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, дар пешрафту шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд ва дастовардҳои назарраси давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму фарҳанг бо тантана таҷлил менамоянд.

Мо имрӯз дар баробари ҷашн гирифтани рӯзи таъсисёбии Қушунҳои дохилӣ инчунин ба истифода додани биноҳои замонавии қисми низомии 3503-ро ҷашн мегирем.

Соли сипаригардида бо дастгириву ғамхории Сарвари давлат ва соҳибкорони ватанӣ биноҳои қисми низомии 3502 баъди таъмиру азнавсозӣ, муҷҷаҳаз бо тамоми молу ашё, таҷҳизоти техникӣ ва воситаҳои хизматрасонӣ, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, ки имрӯз яке аз қисмҳои низомии беҳтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон чанде пештар қисми низомии 3501 дар шаҳри Хуҷанд низ ба таври замонавӣ, дорои биноҳои хизматрасонии гуногун аз қабили ҳамоми замонавӣ, ошхона, сартарошхона, сехи дузандагӣ, ҳуҷраи интернетӣ, хонаи вохӯрӣ ва ғайра бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд.

Имрӯз ҳамчун тӯҳфаи идона дар рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бинои хуштарҳу замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар зербинои он ошхона, ҷойи пухту паз, ҳамом бо буғхона ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардида, дар ошёнаҳои болоӣ бошад, ҷойи хоб, сартарошхона, хонаи бахт, инчунин макони дастрӯйшӯӣ сохта шудаанд.  

Пешрафту дастовардҳое, ки имрӯз Шумо шоҳиди он гардидед, ин ҳама барои ҷавонон, ояндасозони ин сарзамин аст, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан баҳри таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии сокинони мамлакат, сарбаландона иҷро менамоянд.

Бояд таъкид намоям, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷиҳати беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус, Қӯшунҳои дохилӣ, ки фарзандони мову шумо дар он хизмат менамоянд, вусъат ёфта, дар дигар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ низ идома доранд.

Мо боварию эътимоди комил дорем, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ватандӯстони асил, малакаю маҳорати касбии худро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, дар ҳифзи манфиатҳои халқу давлат, пойдории сулҳу субот, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиклолият ва тамомияти арзии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бори дигар, ҳамаи Шуморо бо таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва ифтитоҳи бинои наву замонавии қисми низомии 3503-и Қушунҳои дохилӣ табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодату сарбаландӣ ва хизмати арзандаву сазоворро таманно менамоям.

Ташаккур ба диққататон!




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика