Бо мақсади ба амал баровардани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, ҷиҳати баланд бардоштани мавқею мароми ҷавонон дар ҷомеа мо ҷавононро аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшони кӯҳӣ, Суғд, минтақа ва ноҳияи Рашт, Кӯлоб ҳамзамон ноҳияҳои тобеи марказ барои иштирок дар семинари мазкур даъват намудем.
Дар чорабинии имрӯза Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ, Раисони Кумитаи варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон Аҳтам Рустам, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Хидирзода Мағфират Умар, инчунин намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин дигар идораву сохторҳо ширкат доранд, ки ташрифи онҳоро хайра мақдам мегуям.
Мавзӯе, ки дар семинар баррасӣ мегардад аз ҳар ҷиҳат муҳим буда, ҷавонон бо ҳиссагузорӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа, нақши худро дар пешбурди сиёсати давлатӣ боз ҳам мустаҳкам мекунанд.
Ҳамкории мо бо ҷавонон дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, умуман ҷинояткорӣ яке аз самтҳои фаъолияти хизматӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина корҳои зиёдеро мунтазам анҷом медиҳем.
Терроризм ва экстремизми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигароникунанда ба шумор рафта, ин хатари даҳшатзову марговар сокинони сайёра ва мардуми сулҳхоҳи дунёро ба ташвиш овардааст. Мутаасифона ҳамарӯза дар як қатор кишварҳои дунё, ки ноамнӣ ҳукмрон аст, бар асари таркишу содир кардани амалҳои террористӣ садҳо нафар аз аҳолии осоишта ҷони худро аз даст дода, ҳамчунин захмиву маъюб мегарданд.
Вақте ба мафҳуми терроризму экстремизм назар мекунем, мебинем, ки зери он чӣ қадар даҳшату ваҳшоният, қатлу куштор ва харобию вайронӣ ниҳон аст.
Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти харобовар дар таълимгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, идораву корхонаҳо ва маҳалҳо вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷавонон, донишҷӯён, талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва аҳли ҷомеа ба роҳ монда шудааст, ки ба онҳо вобаста ба натиҷа ва пайомади шомилшави ба узвияти ин гуна гурӯҳҳо, сӯҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд.
Бинобар сабаби сатҳи пасти донишу маърифат, сустии таълиму тарбия ва беназоратии волидон дар оила, бархе аз ҷавонон таҳти таъсири андешаву ақидаҳои гуруҳҳои ифротгаро қарор гирифта, ҳаёти худро дар хатар мегузоранд.
Дар давоми се соли охир садҳо нафар аъзоёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ошкору муайян ва даҳҳо нафари дигар бо гуноҳи содир кардани ҷиноят дастгир карда шуданд.
Агар дар соли 2012, дар миқёси ҷумҳурӣ 33 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуда бошанд, дар солҳои 2013-2014 ва 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 225 нафар барои содир намудани 549 ҷиноятҳои раванди террористӣ ва экстремистӣ дошта муайян ва боздошт гардиданд.
Мутаасифона вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, бо баҳонаи ҷиҳод кардану соҳиби сарвату мол гардидан, рузгори осудаву ором, ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ дар шароити вазнину ғайриинсонӣ ва дар хорию зорӣ, алайҳи дигарон меҷанганд.
Дар барномаҳои телевизионӣ мо бархе аз онҳоро нишон додем, ки чи хел аз волидайни худ рӯй гардониданд, ё ҳодисаи охирине, ки дар расонаҳо пахш гардиданд куштори як нафар духтар (Фархунда) аз Афғонистон аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро, ки хеле нанговар аст.
Айни замон дар давлати Сурия беш аз 200-нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок менамоянд. Теъдоде аз онҳо несту нобуд шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар сабаби пойбанди хоҷагони манфиатҷӯй гардидан, наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд.
Аксар он ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи дуруст надошта, мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро бо машғул шудан ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузаронидаанд.
Ташвишовар ва нигаронкунанда аст, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзада дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд. Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлати Сурия ва Ироқ рафтани якчанд нафар занону духтарон гирифта шуд.
Гарчанде дар Тоҷикистон ба хотири амнияту осоиштагӣ ва ободию шукуфоӣ фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳо тибқи қонун манъ шуда бошад ҳам, ҷои таасуф аст, ки ҷавонони моро гурӯҳҳои ифротгаро бо ваъдаи маблағҳои ночизе, ки ба ивази ҷони онҳо дода мешавад, гумроҳ менамоянд.
Дар ду соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандин далели гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ муайяну ошкор карда шуданд.
Пайомади ҳама гуна ҷангу низоъ ва ихтилофоту кашмакашиҳо хунрезӣ ва харобӣ мебошад. Даъват ба ҷиҳод алайҳи ҳамдигар, миёни мардуми як қавм ва як дину оин ба ҷуз манфиатҷӯӣ, хусумату ихтилофҳои мазҳабӣ дигар чизе беш нест. Ин ҷавонон, ҳамон гурӯҳҳои раҳгумзадае мебошанд, ки барои иҷрои фармони хоҷагони хориҷии худ худро қурбон месозанд.
Феълан бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба мо муяссар гардид, ки чандин нафар ин гуна ҷавонони ба доми фиреб афтодаро аз ин роҳи хато баргардонида, ба тарзи ҳаёти солим ва зиндагии дуруст раҳнамоӣ намоянд.
Тибқи таҳлилҳо шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар вилояти Суғд аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ашт бештар ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру ноҳияҳои Кулоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор Шаҳринав ва Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.
Дар соли 2014 ва 3 моҳи аввали соли 2015, 144 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафари онҳо дастгир карда шуданд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати 34 нафари дигар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карда шудааст.
Ин зуҳуроти даҳшатзо даҳсолаҳои ахир дар тамоми гӯшаву канори дунё мардуми рӯшанфикру озодипарастро ба ташвиш овардааст.
Дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ инчунин мардуми равшанфикр, ватандӯсту тараққипарвар ва сулҳхоҳро зарур аст, ки бо ин амалу кирдорҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ дар мубориза бошанд ва нагузоранд, ки душманони давлату миллат бо амалу корҳои зишт ва ғайриинсонӣ вазъро ноором ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд.
Ба ҷавононе, ки имрӯз дар ин семинар иштирок доранд, муроҷиат карда таъкид менамоям, ки Шумо нерӯи тавоно ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравед. Имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ аз қабили кору таҳсил, ҳунаромӯзӣ, машғул гардидан ба варзиш фароҳам оварда шудааст. Шумо бо донишу маърифат ва ҳунари худ метавонед дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва илмӣ-фарҳангии кишвар мавқеи назаррас дошта бошед.
Аз ин рӯ Шумо бояд ба боварии Сарвари давлат сазовори ин сарзамин, халқу миллат бошед ва дар рушду тараққиёти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоред.
Муҳтарам меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Боварӣ дорам, Семинари илмӣ-амалии имрӯза барои бадоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии давлату миллат ва азиз доштани ин Ватан, давлат миллат ва сарзамини ободу зебо мусоидат намуда, ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки баҳри таъмини суботу оромӣ, осудагиву осоиштагӣ ва рушду шукуфоии сарзамини аҷдодидамон талошу кӯшиш намояд.
Боварӣ дорам, ин нангу номуси баланди ватандӯстиву ватанпарвариро ҳар яке аз ин ҷавонони нишаста. сазовор ҳастанд. Аз ин нишаст истифода намуда бо ҳам дӯст, рафиқ ва дастгири ҳамдигар дар роҳи созандагӣ, пешрафту тараққиёти ҷомеа, тинҷву амонии давлат, саҳмгузор бошем.
Ба шумо дар идомаи кори Семинар муваффақият мехоҳам.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>