Мақсад аз ҷамъбасти фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия, ин тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои комилан судманди кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо ин ниҳодҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ мебошад. Зеро маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷўён мо метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, мубориза барем.
Яке аз самтҳои муҳим ва вазифаҳои асосӣ, ки аз «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» бармеояд, ин ҷалби дигар идораву сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар пешгирӣ ва барҳам задани кору амалҳои ғайриқонунӣ иборат буда, мақсади он мутаъдил гардонидани кору фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва манфиатҳои давлату ҷамъият мебошад.
Бояд таъкид кард, ки танҳо дар ҳамдастӣ ва муборизаи дастаҷамъона суботу оромӣ барқарор гардида, ин ҳамкорӣ барои рафъи кору амалҳои ғайриқонуние, ки пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданиро халалдор месозанд, мусоидат менамояд.
Ман ба он нафароне, ки дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсия ин масъулияти душвору пурифтихорро ба душ гирифта, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзанда мегузоранд, изҳори сипос менамоям.
Воқеан шумо беҳтарин фарзандони содиқи ин сарзамин ба ҳисоб рафта, ҳамчун ҷавонони бонангу номус, миллатдӯст, ватанпараст ва ҳомии суботу оромӣ, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ мебошед.
Қайд намудан бомаврид аст, ки сафи шаҳрвандоне, ки мақсади бо мо ҳамкорӣ намуданро доранд, сол аз сол афзуда, таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ низ, ба онҳо рӯз аз рӯз бештар мегардад.
Моҳи декабри соли 2009, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва моҳи августи соли 2010 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки ин як қадами қатъӣ дар роҳи ҳамкории аҳолӣ бо мақомот дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Робитаи зич бо аҳолӣ, ҳамкории судманди ҷавонон бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлуб гирифта шуда, сатҳи ҷинояткорӣ паст карда шавад. Бо ин мақсад мо ҷавононро барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат ҷалб намудем.
Дар мувофиқа бо роҳбарияти Донишгоҳу Донишкадаҳои олӣ, идораву корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҳисоби донишҷӯёни аълохон, кормандони пешқадам ва ҷисману рӯҳан боқувват гурӯҳҳои дружиначиён таъсис додем, ки мунтазам бо кормандони милитсия, барои таъмини суботу оромӣ ба хизмат сафарбар карда мешаванд.
Бо туфайли заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва шумо ҷавонони бонангу номус осудагию суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гардида, ҷиноятҳо пешгирӣ, шахсони ҷинояткор дастгир ва нисбаташон чораҳои лозимӣ андешида мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон баъди эълон гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» боз ҳам пурзӯр гардид.
Дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия, махсусан бо нозирони минтақавии милитсия беш аз 550 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва садҳо нафар кормандони ғайриштатӣ ҳар шабонарӯз ба хизмат сафарбар мешаванд, ки ин шаҳодати ҳамкории босамари милитсия бо аҳли ҷомеа мебошад.
Сафи дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия сол аз сол афзуда, шумораи онҳо то имрӯз ба зиёда аз 30 ҳазор нафар расидааст, ки дар 69 дружинаҳои шаҳрию ноҳиявӣ сарҷамъ шуда, таҳти сарпарастии сардорони ситодҳо ин дружинаҳо ба хизмат сафарбар мегарданд. Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо басо калон буда, онҳо ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа ба дигарон дар риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ намунаи ибрат мебошанд.
Натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ҳамкории кормандони милитсия бо дружиначиёни ихтиёрӣ аст, ки сол аз сол саҳми онҳо дар кушодани ҷиноятҳо ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия зиёд мегардад.
Дар соли 2014 дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия 133 ҷиноят (2013-15 ҷиноят) ва зиёда аз 2 ҳазор ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор карда шудааст, ки назар ба соли гузашта хеле беҳтар мебошад.
Ин ҷо саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия Ҷӯраев А.И., Азимов Х.А., Қаримов Ҳ.Р., Аминов Ҳ.Ҷ., Очилдиев М.Х., Мамасолиев Х. ва даҳҳо нафари дигарро метавон қайд кард, ки дар ошкор кардани ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, қаллобӣ ва ғасби ғайриқонунии замин саҳми назаррас доранд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳавасмандгардонии дружиначиёни ихтиёрӣ сол аз сол таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар давоми соли 2014 зиёда аз 300 нафар дружиначиён ва кормандони ғайриштатии милитсия аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он дар шаҳру вилоятҳо қадршиносӣ гардида, имрӯз дар арафаи ҷамъбасти фаъолияти самаранокашон зиёда аз 300 нафари дигар ҳавасманд карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ пайваста мавриди қадршиносӣ қарор мегиранд. Дар ин радиф 230 нафар дружиначиён ва кормандони ғайриштатии милитсия аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо сазовори тӯҳфа ва мукофот гардиданд.
Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди Дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми милливу давлатӣ вазифаҳои басо ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як дружиначии ихтиёрӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини муҳити солими аҳлоқӣ ва вазъияти муътадили сиёсӣ дар ҳар як давру замон дар маркази диққати давлат ва сиёсати иҷтимоию ҳуқуқии он қарор дошта, имрӯзу фардо низ боқӣ мемонад.
Шаҳрвандон бояд барои таъмини бехатарӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии бетартибиҳои оммавӣ саҳмгузор бошанд, ки он барои таъмини сулҳу субот дар ҷомеъа, яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин хотир ҷиҳати барқарор намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои рафти Ислоҳоти милитсия, устувор намудани боварӣ байни мақомоти милитсия ва аҳолӣ ва мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пешгирии ҳодисаҳои зӯроварии хонаводагӣ, ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, ки дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Инчунин бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеъа» аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Эмерҷенс груп» мавриди амал қарор дода шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Масъалаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, сулҳу субот дар ҷомеъа яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», ин ба танзим доровардани рафти иштироки шаҳрвандон ба тариқи ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иборат мебошад.
Ин ҷо кӯтоҳ аз вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ ёдовар гардида таъкид намуданиям, ки дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия асосан барои иҷрои вазифаҳои зерин дар ҳамкорӣ ба мақомоти милитсия ҷалб карда мешаванд.
- иштирок дар чорабиниҳо оид ба таъмини тартибот ҷамъиятӣ;
-ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар майдону хиёбонҳо, боғҳои истироҳатӣ, варзишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ;
-иштирок дар чорабиниҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
-иштирок дар таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ намудани беназоратии кӯдакон ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон,
- иштирок дар таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ;
-иштирок дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор иборат мебошанд.
Аъзои Дружинаҳои ихтиёрӣ шахсоне шуда метавонанд, ки ба синни 18-солагӣ расида, бо сифатҳои корӣ, ахлоқӣ, солимии рӯҳию ҷисмонӣ ва қобилияти иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз дигарон бартарӣ дошта бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон, аз нооромӣ ва ҷангу муноқишаҳо дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ва шомил гардидани ҷавонон ба ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд:
«Бори дигар хотиррасон менамоям, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».
Шумо фарзандони азиз, дар баробари саҳм гузоштан дар таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин ба ҳамсолон, дӯстон ва наздикони худ моҳияти зиндагии дурустро фаҳмонида, нагузоред, ки онҳо дучори фиребу дасисаи ашхоси нотавонбин ва ҷиноятпеша гарданд. Танҳо дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо Шумо, метавонем пеши роҳи ҷинояткорӣ ва амалу кирдорҳои номатлубро гирем.
Шумо нерӯи бузург ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, метавонед бо ақлу заковат ва хиради худ ҷомеаро боз ҳам ободу зебо гардонед. Аз ин рӯ бо ҷалби шумо мо метавонем бо корҳои бунёдкориву созандагӣ кишварамонро боз ҳам ободу зебо намоем.
Боварии Сарвари давлат ба сокинони кишвар, моро водор месозад, баҳри сазовор будан ба он бояд аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои ба як ҷомеаи мутараққӣ мубаддал кардани ҷомеаи Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем.
Муҳтарам меҳмонон ва дружиначиён!
Ватани азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ то рафт боло меравад. Ин ҳама нишонаи тинҷиву осоиштагӣ, меҳнату заҳмати самараноки мардум, хизмати сазовори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дастгирии Шумост, ки сиёсати Сарвари давлатро ҷонибдорӣ карда, барои рушду инкишоф, гулгулшукуфӣ, пешрафти соҳаи иҷтимоиёту иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳангу маданият, кӯшишу талош мекунед.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда низ ин иқдоми неку созанда ва бунёдкоронаро давом дода, ҳар яки шумо ҳамчун фарди бонангу номус ва миллатдӯсту ватанпарвар дар рушду шукуфоӣ ва боз ҳам боло рафтани сатҳи тараққиёту некуаҳволии сокинони кишвар, саҳми худро мегузоред.
Дар соли равон баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ дарназар дошта шудааст. Аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва шаҳру ноҳия аз маъракаҳои воқеан муҳиме ба ҳисоб меравад, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва дар фазои ором баргузор гардидани он дар назди мо масъулияти ҷиддиеро пеш мегузорад.
Ҳар фарде, ки барояш ин давлату миллат, фарҳангу маданият, халқи тамаддунофар ва дастовардҳои даврони истиқлолият азиз аст, набояд аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ-саноатӣ, варзишӣ ва илмӣ-фарҳангӣ дар канор бошад. Аз ин рӯ иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот, ҳамкорӣ ва дастгирии шумо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, яке аз василаҳои муҳими расидан ба ҳадафҳои бунёдкорона ва созанда мебошад.
Шумо ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ин давлати соҳибтамаддун, миллати сарбаланд ва диёри биҳиштосо бо арҷгузорӣ ба арзишҳои олии давлату миллат ва эҳтиром ба сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Сарвари давлати тоҷикон, садоқату самимияти худро ҳангоми иҷрои масъулияти ба зиммадошта собит намуда, саҳми худро дар таъмини суботу оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ бояд нишон диҳед.
Боварӣ дорам, бо дастгирӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди шумо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо иштироки муташаккилонаи аҳолии мамлакат дар фазои дӯстиву рафоқат баргузор мегардад.
Ба ҳамаи Шумо дар арафаи фарорасии фасли баҳор саломатӣ ва орзуҳои нек таманно намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ барору комёбӣ таманно менамоям.
Ташаккур, барои таваҷҷӯҳатон!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>