Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Vazir1Муҳтарам афсарону сарбозон!

Ҳамаи афсарон ва сарбозони Раёсат ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро ба муносибати таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу беғубор, осоиши рӯзгор, хотирҷамъӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан миллат, Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуда, бо сарбаландӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати инсонии худ баромада тавонистанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ баҳои баланд дода, чунин зикр намудаанд: «Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳайати шахсии он аз замони таъсисёбӣ то имрӯз вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро карда истодаанд.
Чунонки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пуршарафи Қӯшунҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад, ин сохтор соли 1993 ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро аз сифр оғоз кардааст.
Имрӯз метавонем бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоем, ки кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ва ташкилёбии ин навъи қӯшунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, иштирок ва дар бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд».
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо қувваи Қӯшунҳои дохилӣ асосан баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва таъмини амнияти иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ равона гардидааст. Дар ин замина, ҳамарӯза сарбозони қӯшунҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмати посбонӣ-пайроҳадорӣ ҷалб карда мешаванд, ки омили мазкур барои таъмини амнияти шаҳрвандону меҳмонон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
Сол аз сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди тараққиёти иқтисодиёту саноат, ба беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин раванд дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ касбомӯзии сарбозон ҳангоми адои хизмат аз қабили барқчӣ, кафшергар, ошпаз, сартарош, дуредгар ва дигар намуди касбҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина, аз соли 2012 инҷониб дар ҳамаи биною иншоотҳои қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ давра ба давра корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид ба роҳ монда шуда, шароити имрӯзаи будубош ва маишии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар байни сохторҳои ҳарбии кишвар намунавӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Давоми солҳои 2014-2020 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи биною иншооти қисмҳои ҳарбии 3502, 3501 ва ротаи сеюми алоҳидаи қисми ҳарбии 3503 иштирок намуда, ба шароити хизматии воҳидҳои номбурда баҳои баланд дода буданд.

Сарбозон ва диловарони Ватан!
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар симои ҳар кадоми Шумо фарзандони содиқ ва сарсупурдаи Ватанро мебинад ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳеҷ гуна қувваи хилофкору фитнаҷӯй наметавонад рӯҳу тавон ва иродаи мустаҳками шуморо бишканад.
Итминони комил дорам, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ масъулияти бар душ доштаашонро баҳри ҳифзи марзу бум, амнияти шаҳрвандон ва якпорчагии Ватани азизамон, бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Бо чунин эътимоди бузург бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни фархунда самимона табрик намуда, бароятон саломатию хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, барору комёбиҳои беназир орзу менамоям.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика