Дар ин лаҳзаҳо, ки бузургии зан-модар моро гирди ҳам овардааст, зарур медонам, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ қайд намоям. Лаёқату истеъдоди азалии Шумо дар он зоҳир мешавад, ки дар баробари ба дунё овардани тифл ва тарбияи фарзанд, боз ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздатон гузошташуда, дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб хизмати софдилона намуда, дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоред.
Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад. Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.
Имрӯз дар ин чорабинии мо занҳои фаъоли кишвар, намояндагони идораву сохторҳои давлатӣ, ҳунармандони шинохта, бонувоне, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоӣ, илмӣ - фарҳангӣ, адабӣ-маданӣ ва санъати ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд, иштирок мекунанд. Ман бо камоли эҳтиром барои даъвати моро пазируфтан ва дар ин маҳфили зебо ширкат намудан, ба шумо изҳори миннатдорӣ менамоям.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, таълимӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат сол аз сол тақвият ёфта, дар ин замина онҳо дар кулли чорабиниву маъракаҳое, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ доир карда мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд.
Бо назардошти боло бурдани мавқеи зан, бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони махсус “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расида, соли 2015 «Соли оила» эълон гардида буд, ки ин иқдом барои пойдории оилаи солим, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтироми тарафайн заминаи боэътимод гузошт.
Ҳозирини гиромӣ!
Чї тавре гуфтем имрӯзҳо садҳо нафар занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд.
Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1600 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора зиёда аз 80 - нафар дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба ӯҳда доранд. Ҳамасола бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашну маъракаҳо онҳо барои хизмати софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ ва садоқат ба давлату миллат бо ордену медалҳо ва тӯҳфаю мукофотҳои пулию молӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Бо дастгирии Сарвари давлат дар се соли охир 37-нафар занҳо бо манзилии истиқоматӣ, 33-нафар бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 11-нафар бо хобгоҳ таъмин гардиданд.
Дар ин давра беш аз 1100 - нафар занон ба рутбаҳои махсуси навбатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии “Барои хизмати аъло”, “Барои хизмати шоён” қадршиносӣ карда шуданд.
Инчунин зиёда аз 1200 - нафар занон бо мукофоти пулӣ ва 170 – нафар бо туҳфаи арзишнок аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардиданд.Айни замон 21 - нафар занон соҳиби рутбаи баланди “полковники милитсия” буда, ду нафар масъулияти сарварии сохторњои Вазоратро ба зимма доранд.
Боиси қайд аст, ки ду нафар занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент фаъолият менамоянд. Инчунин ду нафар занон-варзишгарони Вазорати корҳои дохилӣ, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин Мавзуна Чориева ва чемпиони ҷаҳон оид ба карате Розибекова Сарвиноз на танҳо шарафи як мақомот, инчунин шарафу ифтихори ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳон ҳимоя менамоянд, ки боиси ифтихори ҳамагон мебошад.
Бонувон ва меҳмонони азиз!
Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва шахсан аз номи худам бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба Шумо, аҳли оила ва наздиконатон саломативу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар хизмати пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ба диққататон ташаккур!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>