Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умарзода Икром Ислом - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умарзода Икром Ислом - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 25 декабри 1957, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ-ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1980. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Нозири гурӯҳи ташкили корҳои тарбиявии Шӯъбаи 5 ВКД, нозири калони гурухи ташкили корҳои сиёсатӣ-тарбиявии Шӯъбаи 5 ВКД, нозири калони ташкили корҳои тарбиявии Шӯъбаи тарбиявӣ-меҳнатии идораи РКИ ВКД, нозири калони гуруҳи бакайдгирии меҳнат ва корҳои координатсионӣ бо ШКД ва колективҳои меҳнатии Шӯъбаи истифодабарии ҷазоҳои бо маҳкум кардан аз озоди алокаманди надоштаи РКИ ВКД, нозири калони Шӯъбаи Раёсати хизмати профилактикии ВКД, нозири калони Шӯъбаи ташкили кори комендатураи махсус ва нозироти корҳои ислоҳии РКИ ВКД, сардори нозироти корҳои ислоҳии РКИ ВКД, сардори нозироти корҳои ислоҳии Шӯъбаи 5 - уми ВКД, муовини сардор, ӯ низ сардори нозироти корҳои ислоҳии Шӯъбаи 5 - уми ВКД, муовини сардори Шӯъбаи корҳои тарбиявӣ ва ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоии ҳайати шахсии РК ва КҲШ ВКД, сардори Ситоди РКД, ёрдамчии муовини аввали Вазир, ваколатдори калони-оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шӯъбачаи корҳои ташкилӣ-таҳлилии Шӯъбаи корҳои ташкилӣ-таҳлилӣ ва корбарӣ-гумоштавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД. Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавсуф 30 августи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика