Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Dovar

Салимбойзода Довар Салимбой - полковники милитсия. 11 октябри соли 1977 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Соли 1997 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, соли 2006 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2017 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст. 

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1997.
Фаъолияти худро аз вазифаи муфаттиши Шуъбаи тафтишотии Шуъбаи корҳои дохиллии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд оғоз намудааст. Соли 2002 Муфаттиши калони Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2004-2009 ба ҳайси сармутахассиси Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2009 то моҳи январи соли 2012 Референти муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, солҳои 2012-2014 нозири калон оид ба корҳои махсусан муҳими Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, солҳои 2014-2017 муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ, солҳои 2017-2019 муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ фаъолият намудааст.
Салимбойзода Довар Салимбой санаи 29 ноябри соли 2019 ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо мукофоти давлатӣ - медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика