Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ВКД дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Rustam

Сардори Раёсат: Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, полковники милитсия, 5-уми июни соли 1969 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумот - олии ҳуқуқӣ. Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1-уми августи соли 1991.
Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод фаъолияти худро аз нозири хадамоти роҳбонию дидбонии взводи алоҳидаи Шуъбаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои нозири калони хадамоти роҳбонию дидбонии взводи алоҳидаи Шуъбаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, бозраси давлатии автомобилии ШБДА Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм, командири взводи хадамоти роҳбонию дидбонии ШБДА Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм, бозраси калони хадамоти роҳбонию дидбонии взводи махсуси Ротаи алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири взводи 4-уми Ротаи алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калон оид ба хизмати Ротаи алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини командир оиди кор бо кадрҳо ва ҳайати шахсии Баталёни алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини командир оид ба хизмати Ротаи хадамоти роҳбонию дидбонии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Ротаи хадамоти роҳбонию дидбонии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РКД вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар вилояти Суғд, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсат - ӯ низ сардори Шуъбаи нақлиётии автомобилӣ ва хоҷагидории РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.
Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод санаи 11-уми майи соли 2020 ба вазифаи сардори РВКД дар ВМКБ таъин гардида, то инҷониб адои вазифа менамояд.
Мавсуф барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ мукофотонида шудааст. Аз он ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №631 аз 17-уми августи соли 2001 бо «Ифтихорнома» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1337 аз 15-уми августи соли 2019 бо ордени "Спитамен" дараҷаи II сарфароз гардидааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика