Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт

Сардори Раёсат: Саидзода Маҳмадсаид Борон - генерал-майори милитсия. Соли таваллудаш 1 январи соли 1964, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1-уми марти соли 1991.
Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Нозири ташкили роҳи ШБДА, бозраси давлатии автомобилии ШБДА, бозраси давлатии автомобилии гурӯҳи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори шуъбачаи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори ШБДА РКД, сардори Муассисаи нақлиётии РКД вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бақайдгирӣ - имтиҳонотии Раёсати РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31-уми марти соли 2017 то 10-уми сентябри соли 2020 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Саидзода Маҳмадсаид Борон санаи 10-уми сентябри соли 2020 ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Саидзода Маҳмадсаид Борон бо мукофоти давлатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии зерин сарфароз гардидааст:
- бо ордени «Шараф» дараҷаи II,
- бо медали «100-солагии Матбуоти тоҷик»,
- бо медали «Барои ҳамкории ҳарбӣ» аз ҷониби ВКД Федератсияи Россия,
- бо медали «Барои шуҷоат ва далерӣ» аз ҷониби Иттиҳоди Россиягии собиқадорони Афғонистон,
- бо медали «85-солагии Қӯшунҳои ҳавоии десантӣ» аз ҷониби Иттиҳоди десантчиёни Федератсияи Россия,
- бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД»;
- бо нишони сарисинагии «Барои хизмати аъло дар ВКД»,
- бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Мавсуф аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо зиёда аз 22 медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.


 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика