Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

bahterСардори Раёсат: Назарзода Бахтиёр Бобо - полковники милитсия, санаи таваллуд 2-юми марти соли 1971, миллаташ тоҷик. Маълумот - олии ҳуқуқӣ, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Хизмат дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 1998.
Назарзода Б.Б. фаъолияти хизматиашро ба ҳайси ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оғоз намудааст. Ҳамин тариқ дар вазифаҳои ташхисгари шуъбачаи ташхисии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи 6-уми ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ваколатдори калони оперативии шуъбаи корҳои махсусан муҳими РКҶ ВКД ҶТ, сардори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Назарзода Бахтиёр Бобо санаи
30-юми октябри соли 2019 ба вазифаи сардори РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб адои вазифа менамояд.
Мавсуф барои хизматҳои содиқонаю софдилона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ бо як қатор мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ мукофотонида шудааст. Аз он ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1321 аз 25-уми августи соли 2012 бо медали "Ҷасорат" сарфароз гардонида шудааст.

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика