Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД ҶТ

Сардори Марказ: Маҳмадшозода Шерали Азам - генерал-майори милитсия, 5 марти соли 1963 таваллуд шудааст, миллаташ: тоҷик, маълумоташ: олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқӣ.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз моҳи августи соли 1989.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:
Муҳосиби муассисаи ЯС 3/1 Раёсати корҳои ислоҳотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳосиби Ротаи алоҳидаи бозрасии давлатии автомобилии БДА ВКД, ревизори шӯъбачаи ревизионии Раёсати молиявии ВКД, ревизори калони шӯъбачаи ревизионии Раёсати молияи ВКД, сардори шӯъбачаи ревизионии Раёсати молия ва иқтисодии ВКД, муовини сардори Раёсати молия ва иқтисодии ВКД, сардори Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҳмадшозода Шерали Азам санаи 15 июни соли 2020 ба вазифаи сардори Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД ҶТ таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Маҳмадшозода Шерали Азам аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Сипосномаю Раҳматномаҳо, мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ – Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика