Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

HamdamzodҲамдамзода Валихон Ҳамдам - полковники милитсия, 4 сентябри соли 1961 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1983 Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» хатм кардааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 10 октябри соли 1983. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД шаҳри Бохтар (собиқ Қурғон-теппа), ваколатдори калони оперативии шуъбачаи милитсияи ШКД Калининобод, ваколатдори калони оперативии шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Вахш, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД шаҳри Бохтар (собиқ Қурғон-теппа), ваколатдори калони оперативии Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил оид ба вилояти Хатлони Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил оид ба вилояти Хатлони Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил оид ба вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил оид ба шаҳри Душанбеи РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШКД Ҳукумати ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, сардори шуъбаи мубориза бар зидди бандитизм ва гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадасти РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шуъба оид ба мубориза бо одамрабоӣ ва хариду фурӯши инсон, сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил оид ба вилояти Хатлон, муовини якуми сардори РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам санаи 30 октябри соли 2019 ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, барои саҳми назаррас дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон бо мукофотҳои давлатӣ – ордени «Шараф» ва ордени «Спитамен» дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика