Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

MashrapzodaСардори Раёсат: Машрабзода Ҷамшед Хол - полковники милитсия, 22 октябри соли 1978 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 2000-ум Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ», соли 2004 Академияи андози Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» ва соли 2008 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 31 октябри соли 2002. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Нозир оиди кор бо ноболиғони ШКҶ РВКД ш.Душанбе, ваколатдори оперативии шӯъбачаи ШКҶ РВКД ш.Душанбе, муовини сардори ШКҶ ШВКД ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе, сардори шӯъбаи ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии минтақавии БММ «Интерпол»-и ВКД, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати ВКД, сардори шӯъбаи ВКД, муовини сардори Раёсати ВКД, муовини сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори БММ «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Машрабзода Ҷамшед Хол санаи 30 октябри соли 2019 ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика