Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

AnvarСардори Раёсат: Носиров Анвар Дурманович – полковники милитсия. 11 майи соли 1972 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумот олии ҳуқуқӣ. 

Соли 1997 Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербургро хатм намудааст.

Аз соли 1990 то 1992 хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1993. То соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёнаи роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Баъдан ба ҳайси сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии Ситоди ВКД, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД адои вазифа намудааст.
Носиров Анвар Дурманович санаи 30 октябри соли 2019 ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Дорои мукофотҳои идоравӣ ва соҳавӣ мебошад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика