Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

nazirbekovСардори Марказ: Назирбеков Додобек Ҷӯрабекович - полковники милитсия, 15 ноябри соли 1965 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 сентябри соли 1986. 

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: нозири минтақавии милитсияи шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Конибодом, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Конибодом, муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Конибодом, сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими гурӯҳи алоқаи ҳуқуқи байналмилалии Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори нозироти ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд.
Аз моҳи декабри соли 2018 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Мукофотҳои соҳавӣ ва идоравӣ дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика