Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

fatozoda

Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор – полковники милитсия, таваллудаш 18-уми июни соли 1969, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 1992 Мактаби миёнаи махсуси милитсия ва соли 1999 Мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. 

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1990.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: ваколатдори оперативии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб, ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои маводи мухаддири Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКДН ВКД, ваколатдори оперативии ШМЗҶМ ШКДН Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори калони оперативии ШМЗҶМ РКДН ВКД, сардори шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РМЗҶМ ВКД, сардори шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионии ШМЗҶМ Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии ШКД дар ноҳияи Шаҳринав, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, сардори ШКД дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, сармутахассис оид ба мониторинги Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, сардори шуъбаи Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, сардори Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб – ӯ низ муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ.
Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор аз 17 октябри соли 2019 ба вазифаи муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Фаттозода А.А. бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ орденҳои “Спитамен” ва “Шараф” сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика