Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати нозиротӣ – ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

SolievKСардори Раёсат: Солиев Карим Ҳоҷиевич – генерал-майори милитсия, 7 январи соли 1961 таваллуд шудааст. Маълумоташ - олӣ. Соли 1982 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст. 

Солҳои 1982-1984 - хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ.
Солҳои 1984-1987 - ассистенти кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин.
Солҳои 1987-1991 – омӯзгори Шуъбаи таҳсили ғойибонаи Мактаби олии Тошкентии ВКД ИҶСШ.
Солҳои 1991-1994 - омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, омӯзгори калони кафедраи мазкур.
Солҳои 1994-2001 – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2000 – Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Солҳои 2001-2012 – муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм.
Аз моҳи феврал то октябри соли 2012 – муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи октябри соли 2012 то охири соли 2017 - муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм.
Соли 1998 – бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Соли 2004 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Фаъолияти ҳуқуқмаънидодкунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аспекти умуминазариявӣ» (аз рӯи ихтисои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат) ҳимоя намудааст.
Зери роҳбарии бевоситааш Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия гардидааст, ки он дар таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик нахустин падида мебошад;
Таҳияву коркарди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи сирри давлатӣ» ва ғ.
Алҳол, Солиев К.Ҳ. аъзои якчанд гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи комиссияҳои Ҳукуматӣ ва идоравӣ оид ба таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар фаъолияти онҳо пайваста иштирок мекунад. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба қалами Солиев К.Ҳ. 6 монография, беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, ки ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузорӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бахшида шудаанд, тааллуқ доранд.
Мукофоту ҷоизаҳо:
Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (с.2007, ш.Душанбе);
Медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2011, ш.Душанбе);
Медали «Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2013, ш.Душанбе).
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика