Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

NazarzodaСардори Раёсат: Назарзода Шариф Раҳмонгенерал - лейтенанти милитсия, соли таваллудаш 29 апрели 1966, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 1 сентябри соли 1987. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Ҷасорат». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Ваколатдори оперативии гурӯҳи кор бо ноболиғони ШКҶ РКД, ваколатдори калони оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими шӯъбачаи мубориза бар зидди нашъамандии РКД, ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШКД, муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД. Сардори Раёсати корҳои дохилии ш. Душанбе. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РВКД дар вилояти Суғд.
Аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика