Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

434

Сардори Раёсат: Баротзода Тоҳир Барот - полковники милитсия, 13 октябри соли 1978 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ.

Дар давоми собиқаи кори дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили обрӯю эътибор ва ахлоқи шахсияти Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, муовини сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор, сардори шуъбаи кушодани ҷиноятҳои муқобили моликияти Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори Шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт ва муовини аввали Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намудааст.
7 июни соли 2024 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Тоҳир Барот ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Мавсуф барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва нишон додани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо, аз ҷумла «Аълочии милитсия» ва «Корманди беҳтарини оперативӣ» қадрдонӣ гардидааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика