Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Созмони собиқадорон: Ҷурахонзода Саид Қаюм – генерал-майори мустаъфӣ, 2-юми апрели соли 1954 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 сентябри соли 1975 то 7 апрели соли 2015.
Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: Нозири кофтукови ҷиноятии шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Фирдавсӣ (собиқ н.Марказӣ) шаҳри Душанбе, нозири минтақавии милитсияи гурӯҳи алоҳидаи профилактикӣ ва роҳбарикунандаи нозирони минтақавии ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, навбатдори Қисми навбатдории ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, муовини сардори шӯъбача, навбатдори оперативии Қисми навбатдории ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, сардори шӯъбача оид ба роҳбарии нозирони минтақавии милитсия ва ташкили ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, муовини сардори ШКД ноҳияи Фирдавсӣ оид ба хизмат, муовини сардори ШКД ноҳияи Фирдавсӣ оид ба корҳои профилактикӣ, муовини сардори РКД шаҳри Душанбе, сардори ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, сардори ШКД ноҳияи И.Сомонӣ (собиқ н.Октябр) шаҳри Душанбе, муовини аввали сардори РКД вилояти Суғд, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе.
Ҷурахонзода Саид Қаюм дар тӯли фаъолият барои хизмати содиқона ва бенуқсон бо мукофотҳои давлатӣ ва идоравии зиёд қадрдонӣ гардидааст, аз ҷумла санаи 2-юми феврали соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Спитамен» сарфароз гардонида шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика