Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

AlizodaСардори Хадамот: Ализода Анварҷон Ҷума - полковники милитсия, 5-уми январи соли 1973 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ ва олии иқтисодӣ, соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «иқтисодчӣ», соли 2004 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» ва соли 2008 Академияи мазкурро бо ихтисоси «идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 31 августи соли 1998.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:
Ваколатдори калони оперативӣ, сардори шӯъбача, навбатдори калони оперативӣ, сардори шӯъба, сардори шӯъбачаи мубориза бар зидди гардиши ғариқонунии маводи мухаддири ШВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири (РМЗГҒММ) ВКД, муовини сардори шӯъбаи махсуси РМЗГҒММ ВКД, сардори гурӯҳи оперативӣ-сафарбаркунии РМЗГҒММ ВКД, муовини сардори РМЗГҒММ ВКД, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намудааст.
Ализода Анварҷон Ҷума санаи 30 октябри соли 2019 ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Ализода Анварҷон Ҷума аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо мукофотхои давлатӣ – медали «20-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали "Ҷасорат" ва нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД» сарфароз гардонида шудааст.
Ализода Анварҷон Ҷума айни замон адъюнктанти Шӯъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, ба корҳои илмӣ шавқу рағбат дорад. Пайваста малакаю маҳорати худро дар ин самт такмил дода, ҷиҳати амиқтар омӯхтани паҳлӯҳои самти ҳуқуқшиносӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика