Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

363Сардори Шуъбаи сомона: Гул Маҳбуба Талби – полковники милитсия, таваллудаш 6-уми декабри 1973, миллаташ тоҷик. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-журналист ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 сентябри соли 2001.
Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, ёрдамчии сардори Ситоди оперативии Қисми навбатдории Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, журналист-хабарнигори Маркази матбуоти Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, ҳуқуқшинос-мушовири калони Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, сардори шуъбачаи вобаста ба сомонаи ВКД дар шабакаи интернети Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, мушовири калони Вазир оид ба корҳои маданӣ-маънавӣ ва фарҳангию фароғатӣ ва сардори Шуъбаи сомонаи расмии ВКД дар назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Тӯли фаъолияти хизматӣ полковники милитсия Гул Маҳбуба дар инъикоси фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ даҳҳо хабару гузориш, мақолаву очерк, китобу маҷаллаҳо ва филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия ва таълиф намудааст. Ҳамчунин оид ба тадбирҳои амалишавии сиёсати имрӯзаи соҳа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани фарҳангу маънавиёт ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли ҷавон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста хабару гузоришҳо дарҷ менамояд. Мақолаву очеркҳояш вобаста ба фаъолияти кормандони милитсия ва нақши ВКД дар таъмини суботу оромӣ дар сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаю ҳафтаномаҳо мунтазам ба табъ мерасанд.
Полковники милитсия Гул Маҳбуба «Аълочии милитсия» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст, аз ҷумла бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои I, II, III, «Садоқат», «Милитсияи Тоҷикистон», «Барои саҳми арзанда дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» ва «Кормандзани беҳтарини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.

Ҳамчунин, Гул Маҳбуба Талби бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2022 бо мукофоти давлатӣ - «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.





Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика