Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Марказ: Шуҳрат Улмас - полковники милитсия. 13 августи соли 1977 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ Олии ҳуқуқӣ, факултаи фаврӣ-тафтишотии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россияро дар ш.Санкт-Петербург хатм намудааст.
Фаъолияти хизматиро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири шӯъбаи ҷобаҷогузории кадрҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Дар вазифаҳои сардори шӯъба оид ба ташкили корҳои хизмати кинологӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар назди Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ ва сардори Маркази кинологии ВКД фаъолият намудааст. Айни ҳол сардори Маркази хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика