Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Раҳмонзода Алихон Футур – генерал-майори хизмати дохилӣ, соли таваллудаш 10 феврали соли 1959, миллаташ: тоҷик, маълумоташ: олии ҳуқуқӣ. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Ҷасорат». Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 апрели соли 1987. 

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:
Ваколатдори оперативи шӯъбаи 3-юми РКҶ ВКД, ваколатдори оперативи шӯъбаи РКД ВКД, ваколатдори оперативи шӯъбачаи ташкилии методии РКҶ ВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РКҶ ВКД, сардори шӯъбаи РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКД, муовини Вазир, ӯ низ сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии (3502) Қӯшунҳои дохилии ВКД, Командири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раҳмонзода Алихон Футур санаи 30 октябри соли 2019 ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика