Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Юнус Бобозода Назар - полковники милитсия, 22 ноябри соли 1965 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, олии ҳуқуқӣ ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 18 сентябри соли 1998.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: Сардори шӯъбаи таъминотии РВКД ш.Душанбе, сардори шӯъбачаи раводид ва бақайдгирии РВКД ш.Душанбе, сардори шӯъбачаи раводид, бақайдгирӣ ва кори шиносномавии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбачаи корҳои раводид дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи ташкили кори раводид ва бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи ташкили кори раводид ва бақайдгирии РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамот, ӯ низ сардори шӯъбаи корҳои раводид ва бақайдгирии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Юнус Бобозода Назар санаи 15 июни соли 2020 ба вазифаи сардори Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика