Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

NasimzodaСардори Раёсат: Насимзода Акбар Ғиёс - генерал-майори милитсия, 1-уми апрели соли 1962 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. 

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 19-уми августи соли 1985.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Нозири хадамоти роҳбонии ШБДА РКД шаҳри Душанбе, нозири калони хадамоти роҳбонии ШБДА ШКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори ШБДА ШКД ноҳияи Ҷайҳун, бозраси калони давлатии автомобилии ШБДА ШВКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори ШБДА ШВКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори шӯъбачаи хадамоти роҳбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, муовини командири ротаи хадамоти роҳбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Насимзода Акбар Ғиёс аз 19-уми апрели соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст, аз ҷумла бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои I, II, III, «Корманди фахрии ВКД», «Милитсияи Тоҷикистон» ва ғайра сарфароз гардидааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика