Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

zikrulloСардори Раёсат: Ҳукуматулло Зикрулло - генерал-майори милитсия, таваллудаш 16 июни соли 1959, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии омӯзгорӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 15 январи соли 1997. Бо мукофотҳои идоравӣ сарфароз гардидааст. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои зерин кор кардааст:

Нозири Шӯъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и РВКД дар вилояти Хатлон, ёрдамчии сардори РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар ноҳияи Бохтар, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиён.

Аз 16-уми феврали соли 2016 ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намуда истодааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика