Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД

Сардори Раёсат: Ҳафиззода Шодӣ Хуршед - полковники милитсия, таваллудаш 25 августи соли 1981, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 2002 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» ва соли 2013 факултети №1-и Академияи мазкурро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» хатм намудааст. Айни ҳол унвонҷӯи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Функсияи ҳуқуқмуҳофизавии давлат: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” мебошад. 

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 27 августи соли 1998.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: аз он ҷумла, аз 27 марти соли 2013 то моҳи октябри соли 2014 дар вазифаи сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 октябри соли 2014 муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 ноябри соли 2014 муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ҳафиззода Шодӣ Хуршед аз 12 декабри соли 2017 сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика