Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд

Сардори Раёсат: Навҷувонов Абдулло Шанбиевич - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 10 июли 1965, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии - ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, аз 24 июни соли 1991. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Спитамен» дараҷаи 2, медали «Хизмати шоиста».

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:
Муовини сардори шуъбаи молияи РКД-и ВМКБ, сардори ШКД, сардори ШКҶ РКД-и ВМКБ, дар Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кардааст. Сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ. Сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Навҷувонов Абдулло Шанбиевич аз 24-уми январи соли 2020 ба вазифаи сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика