Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи сипосмандӣ

Ба Вазири корҳои дохилии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                           

Муҳтарам Вазир! 

         Мо як гурӯҳ собиқадорони ВКД дар вилояти Суғд бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза сипос ва миннатдории худ ва кулли собиқадорони мақомоти милитсияи вилояти Суғдро ба Шумо барои ташаббус ва иқдоми некатон дар ташкилу амалинамоии корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоиду муосири табобатӣ, ташкилу баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо собиқадорон, мунтазам қадршиносӣ намуданатон бо кӯмакпуливу роҳхат ба беҳтарин осоишгоҳҳои  кишвар баён менамоем.

Имрӯзҳо мо аз он шод ҳастем, ки дар доираи ҳар як сафари кориатон ба вилояти Суғд ҳатман бо собиқадорони мақомот вохӯриву сӯҳбатҳо доир намуда, пайваста аз ҳолу аҳволи мо хабардор мегардед. Ростӣ, тӯли солҳое, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудем, ин гуна ободӣ ва ғамхориро нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан собиқадорон надида  будем.

Бояд зикр намуд, ки обрӯ ва нуфӯзи Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии Шумо тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ боз ҳам афзун гардидааст. Саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии Шумо дар амнияту суботи кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти ҷиноятӣ хеле назаррас аст. Имрӯз мардум дар симои корманди милитсия ҳомии тартиботу ҳуқуқ ва мушкилкушои проблемаҳои худро мебинанд.

Дар баробари ҳамаи ин, таваҷҷӯҳи Шумо, мӯҳтарам, Рамазон Раҳимзода ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар арсаи байналмилалӣ низ хеле чашмрас аст. Мусобиқаи варзишие, ки чанде қабл бо ташаббуси Шумо байни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» дар шаҳри Қайроққум баргузор гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ, ҳамчунин ташаббусгари мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баланд мебошад.

Ногуфта намонад, ки дар баробари ҷавонон, мо собиқадорон низ тӯли 3 рӯз паҳлӯ ба паҳлӯи варзишгарон истода, дар  ин  мусобиқаи варзишӣ ширкат варзидем. Ҳамчунин, гурӯҳи меҳмононро дар сайёҳати мавзеъҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Б. Ғафуров ва Ҷ.Расулов ҳамроҳӣ намудем. Илова бар ин, мо-собиқадорон ва меҳмононро дар тарабхонаҳои беҳтарини мавзеъҳои номбаршуда бо оростани хони тоҷикона, ки муаррификунандаи фарҳанги таомҳои миллӣ мебошад, сари як пиёла чой даъват менамуданд.   

Аз ин лиҳоз, ба Шумо ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимонаамонро баён намуда, ба корҳои Шумо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, осоиштагии рӯзгори мардум, ғамхорӣ нисбати кормандону собиқадорони мақомот ва созандагиву ободкориҳо бурдбориҳои беназирро таманно дорем.

Раҳмат  барои  чунин  ғамхориҳо! 

             Бо эҳтиром, 

             Як гурӯҳ собиқадорони ВКД дар вилояти Суғд




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика