Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипос

Гап дар сари он, ки бинои корхонаи хизматрасонии маишии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рухсора» дар шафати маркази савдои «Баҳор»-и мавзеи Панҷшанбе ҷойгир шудааст.

Шаби 15-ум бар 16-уми ноябри соли 2014 соатҳои қариб 23:00 ба ман хабари ҳодисаи нохуши сухтор дар маркази савдои «Баҳор» расид. Азбаски, чуноне, ки дар боло гуфтам, марказҳои савдову хизматрасонии мо дар шафати ин бозор ҷойгир аст, ба зудӣ ба коргоҳамон омадам. Аз утоқи кориам - воқеъ дар ошёнаи дуюм медидам, ки забонаи бузурги оташ аз боми ошёнаи дуюми маркази «Баҳор» ҳам баландтар буду шамол онро ба ҳар тараф бод медод. Ҳаво сард буду дар он соатҳо дар ин мавзеъ барқ набуд. Сӯхторхомушкунандагон ба воситаи техникаи махсус беист барои хомӯш кардани оташ об мепошиданду об мекашониданд. Аммо оташ ҳамоно забона мезад, гуё таслим шудан намехост. Дар равшании оташ кормандони хадамоти оташхомушкуниро медидам, ки рӯдаи обаш фавворасон дар даст, бо сӯхтор набард доштанд. Ҳамин минвол беш аз ду соат, то пурра хомӯш намудани сӯхтор, онҳо ором надоштанд. Ақрабаки соат қариб, ки яки шабро нишон медод. Ман ҳамоно бо ҳамроҳи ду-се нафар кормандонамон дар утоқи сарду торикам будам. Ҳамон дам якчанд нафар хизматчиёни хадамоти оташнишонии вилояту шаҳр наздамон омаданд. Бо дидани эшон дар равшании фонус дилам таҳ кашид. Дар ҳавои сард либосҳои кории онҳо шип-шилта тар, сару рӯяшон аз дуди оташ сиёҳ, музаҳояшон бар асари халидани оинаҳои ҳини сӯхтор пошхӯрда сӯрох шудаву пуроб...

- Биёед гузаред, фарзандонам,- худро базӯр ба даст гирифта гуфтам ман дар ҳоле, ки ашкамро фурӯ мебурдам.

- Узр, муаллима. Медонистем, ки ин лаҳзаҳо Шумо дар хона нишаста наметавонеду дар ҷойи коратон ҳастед. Ягон пиёла чойи гарм доред?

- Камтар нафасатонро рост кунед. Ман ҳозир чой ташкил мекунам,- ҷавоб додам ман.

Яке аз кормандонамонро, ки дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекарду ҳамроҳамон буд, барои овардани чойи гарм фиристодам. Пас аз нӯшидани чой сӯхторхомушкунандагон боз ба ҷойи сухтори рухдода шитофтанд. Онҳо аз такроран cap задани аланга, аз ягон шарора ва ё аз тороҷ шудани амволи аз сӯхтор эминмонда хавотирӣ мекашиданд. Чашми рӯз кафиду ман роҳ сӯи хона пеш гирифтам. Аз бехобӣ ва ҳаяҷон монда шуда будам. Пас аз ду-се соат дамгирӣ боз сӯи коргоҳ ба мавзеи Панҷшанбе шитофтам ва боз сӯхторхомушкунандагонро сари адои вазифа дидам. Ҳамоно шамоли сард мевазид...

Ҳамагон афсӯс аз он мехӯрдем, ки нуқтаҳои савдои марказҳои тиҷоратии «Баҳор», «Сино» ва «Тоҷир» дар ин сухтор зарар диданд. (Ба гуфти ҳолдонҳо, ин марказҳои савдо чанд сол пеш аз тарафи соҳибонашон ба таври оҷилӣ асосан аз масолеҳи сохтмонии зудоташгиранда - ба монанди чӯбу тахта, шишаву «алакапон» бунёд карда шуда буданд. Новобаста аз ҷаримаву эродҳову санадтартибдиҳиҳои кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ дукондорони онҳо на ҳама вақт қоидаҳои бехатарӣ аз сухторро риоя менамудаанд).

Бо вуҷуди ин, ҳамчун як зан, модар ва собиқадори меҳнат, ҳамчун роҳбари як Ҷамъият шукр аз он мекунам, ки дар ин ҳодисаи сӯхтор ба шарофати кордонии хизматчиёни хадамоти давлатии сӯхторхомушкунӣ ба талафоти ҷонӣ роҳ дода нашуд.

Шукр аз он мекунам, ки сӯхтори рухдода аз тарафи кормандони ин Раёсат ва ҷузъу томҳои он ба таври оҷилӣ ва сари вақт хомӯш карда шуд (ҳарчанд, чуноне ки дар боло гуфтам, дуконҳои қатору дуқабатаи марказҳои савдои номбурда, асосан, аз масолеҳи зудоташгиранда сохта шуда будаанду дохилашон пури либосҳо аз муинаву нахи'сунъӣ буд, ки ҳини сӯхтор равшантару тезтар аз шамъ месӯхтанд ва хомӯш кардани он кори осон набуд). Агар ин таъҷилияти сӯхторхомушкунандагони вилоят намешуд, ба коми оташ рафтани якчанд бозорҳои дигари мавзеъи Панҷшанбе аз эҳтимол дур набуд. Зеро дар ин мавзеъ марказхри савдо, бозорҳо, нуқтаҳои хӯрокҳои умумӣ, биноҳои маъмурии ташкилоту идораҳо ва манзилҳои шаҳрвандон зич ҷойгиранд.

Ба Шумо, мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода, арзи сипос баён медорам, ки барои хизмати кормандони сохторҳои тобеъи Вазорати корҳои дохилии кишвар шароитҳои мусоидро - аз қабили техникаи ҳозиразамон, биноҳои обод, сузишворӣ ва ғайра - фароҳам овардаед. Дар баробари ин, кадрҳои арзандаеро ба монанди сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд полковники милитсия Шуҳрат Ахмедов тарбия намудаеду сари кор овардаед.

Ба Шумо, аҳли оилаатон ва ҳампешагону тобеонатон саломатӣ ва иқболи баланд таманно дорам.

Танатон ҳаргиз дардро набинад, хотиратон ҳаргиз ошуфта набошад, зеро Шумо дар паҳлӯи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳастеду худ нахобида, хоби орому зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бонӣ менамоед.

 

Бо эҳтиром - директори

ҶДММ «Рухсора» (ш.Хуҷанд)   Ойимқиз Қодирова




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика