Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи миннатдорӣ

Ба Вазири корҳои дохилии       

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

 Раҳимзода Р.Ҳ.                           

 

Милисаи ман – ҳомии ман

Чанде пеш ба рӯи оилаи мо як мушкилӣ омад. Бо аҳли оила ҳарчанд кӯшиш кардем, онро ҳал карда натавонистем. Наздикон маслиҳат доданд, ки ба милитсия  муроҷиат намоед.

Ростӣ, ман то ин дам ба фаъолияти кормандони милитсия ба чашми танқид нигоҳ мекардам. Гумон доштам  онҳо мушкилоти маро ҳал карда наметавонанд. Ба ҳар сурат ба ШВКД-и шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардам ва роҳбарияти шӯъба ҳал кардани масъаларо ба души капитан Бахтиёр Қаландаров вогузошт.

Бояд бигӯям, ки Қаландаров  давоми якчанд рӯз бо малакаву маҳорати касбӣ мушкилоте, ки ба гумони ман ҳеҷ гоҳ ҳалли худро намеёфт, ҳал намуд. Дар раванди бурдани корҳои оперативӣ Қаландаров мунтаззам ба мо муроҷиат карда, ҳолу аҳвол мепурсид ва маслиҳатҳои муфид медод. Ин буд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат мушкилӣ ҳалли худро ёфта, шахси ҷустуҷӯ мешударо аз Душанбе то Кӯлоб овардем.

Ба ростӣ маҳорату кордонии ин ходими милиса моро қоил кард. Офарин Бахтиёр! Ман акнун ба мафҳуми «Милисаи ман-ҳомии ман» сарфаҳм рафтам ва бо ин нома арзи миннатдории худро ба  роҳбарияти Вазорати корҳои  дохилии кишвар, ШВКД-и шаҳри Кӯлоб барои тарбияи чунин як ходими ботаҷриба ва албатта ба худи Бахтиёр Қаландаров мерасонам. Кори чунин ходимони соҳибкасб обрӯи милисаро дар миёни мардум баланд бардошта, волоияти қонунро таъмин месозад.

               Бо эҳтиром сокини шаҳри Кӯлоб Зулфия Сайидалиева


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика