Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипос ба кормандони милитсия

Ба Вазири корҳо дохилии         
Ҷумҳурии Тоҷикистон,               
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро       

 

Муаллифи ин сатрҳо бо зарурате субҳи 12 июн аз вилояти Суғд бо мошини сабукрави шахсӣ тамғаи "Мерседес-вито", рақами қайди давлатиаш 98 34 В 01 ба тарафи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон азми сафар кардем. Ману ҳамсар ва писарамон бояд ба мавзеи "Гармчашма"-и ноҳияи Ишкошим рафта, барои чанд рӯз дар обҳои шифобахши ин мавзеъ барои барқарор кардани саломатӣ табобат мекардем. Чун ба ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон расидем, моро дар дидбонгоҳ кормандони милитсия манъ намуда, ҳуҷҷатҳои мошинамонро тафтиш намуданд. Муомилаву муносибати меҳрубононаи онҳо бо ҳар роҳгузарро дида, ҳаваси кас меомад. Чун фаҳмиданд, ки мо меҳмонему азми сафари ҷойи дурро дорем, дарҳол омодаи хизмат шуданд. Мо, ки аввалин маротиба ба минтақаи Бадахшон сафар мекардем, кормандони милитсия моро роҳнамоӣ менамуданд. Хусусан, он лутфу марҳамат ва ҳурмату меҳрубоние, ки кормандони милитсияи ноҳияи Дарвоз нисбати мо намуданд, воқеан ба ҳар нафари мо илҳом бахшид.

Дар дидбонгоҳҳое, ки дар баромадгоҳи Дарвоз ва даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мебошанд, кормандони милитсия низ бо мо хеле муомилаи нарм намуда, дар ҳама ҷо моро бо лутфу марҳамати зиёд қабулу гусел мекарданд.

То расидан ба "Гармчашма", аниқтараш то 6-километрии ин мавзеи табобатӣ як дидбонгоҳи дигари кормандони милитсия буд, ки онҳо низ моро хеле хуб қабул намуда, то ҷойи лозимӣ роҳнамоиамон карданд.

Баъди чанд рӯзи табобат гирифтан, ман ва ҳамроҳонам, бо ҳамон роҳ баргаштанӣ шудем. Дар ҳар ҷое, ки дидбонгоҳи кормандони милитсия буду дар рӯзи аввали сафарамон ба мо меҳрубониҳои зиёд карданд, ман хостам бо чанде аз онҳо ҳамсӯҳбат шуда бо зикри ному насабашон миннатдории худро ба роҳбарияти ин мақомоти бонуфуз бирасонам. Вале, дар ҳар ҷое, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат мешудам, аз рӯи хоксории тоҷикона ё аз меҳрубонии зиёд бошад, ки касе аз онҳо розӣ нашуд, то номашонро зикр созам. Хусусан, кормандони милитсияи ноҳияи Дарвоз вақте мақсади маро фаҳмиданд, дар ҷавоб посух доданд, ки ба ин зарурат нест, зеро онҳо вазифаи хизматии худро иҷро карда истодаанд.

Воқеан, чун ману ҳамсар ва фарзандам, ки ҳамаи ин лутфу меҳрубониҳоро медидем, аз хурсандӣ меболидем. Офарин ба ин хизматчиёни халқу ватан мегуфтем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам миннатдории бепоёни худро ба кормандони милитсияи ноҳияҳои Шӯроободу Дарвоз, Ванҷу Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бирасонам. Ҳамчунин, мехоҳам арзи сипоси худро ба Вазири мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои дуруст ба роҳ мондани тарзи корбарӣ ва тарбияи чунин кормандони содиқ ба касб баён намоям.

Дарвоқеъ, чунин лутфу марҳамати зиёд ва муомилаву муносибати меҳрубонона бо мо, шаҳрвандон, мавқеи мақомоти корҳои дохилиро миёни аҳли ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, хизматчиёни он чун фарзандони баору номуси миллати тоҷик ҳамеша номбардори падарону бобоёни шарафманди худ хоҳанд буд. 

Бо эҳтиром, Ҷабборов Малик Абдулҳаевич, сокини шаҳри Конибодом, кӯчаи ба номи Комил Ёрматов, хонаи №38 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика