Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории сокинони шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ

                                                                        Ба Вазири корҳои дохилии

                                                                        Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                      генерал-лейтенанти милитсия

                                                                        Раҳимзода Рамазон Ҳамро

 

Мӯҳтарам Вазир!

Офати табиие, ки тақрибан соати 4-и субҳи 11 майи соли ҷорӣ, ба сари сокинони маҳаллаи Коргари ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ омад, ягон нафари солимақлро бетараф гузошта натавонист. Баъди бориши селборон сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, қисми заминҳои корам, маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ зери об монданд. Дар натиҷа ба ошёнаи якуми хонаҳои баландошёнаи махаллаи Коргар лойқа ворид гашта, ба мардуми маҳалла зарари зиёд расонида шуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки барои бартараф кардани ин офати ғайричашмдошт аз лаҳзаҳои оғози кор кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳуриявӣ, хизматчиёни хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти сарварии муовинони Вазири корҳои дохилӣ Бузмаков Абдураҳмон, Навҷувонов Абдулло, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳуриявӣ  Шарифов Мирулло, сардори ШВКД-1 ноҳияи Рудакӣ Мирзоев Хуршед, сардори хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ Додоҷонов Обид ва дигар афсарони баландрутба дар бари мо – мардуми шаҳраки Мирзо Турсунзода қарор доштанд.

Бо дастгирии бевоситаи зердастони шумо ва ҷалби 86 нафар бо 4 техникаи хизматӣ ва 7 адад мотопомпаҳои оташнишонӣ аз дохили таҳхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздихавлигӣ об бароварда шуд. Муддати ду рӯз кор идома дошт ва мутаассифона бегоҳии рӯзи дуюм, яъне шоми 12 май боз бориши сахти даҳшатангез якҷоя бо жола ҳудуди шаҳракро фаро гирифта, зарурат пайдо шуд, ки қисман ҷойҳои тозакардашударо такроран аз об тоза намоем.

Ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ хизмати шоиста карда, шаби дуюм то соати 24:30-дақиқаи нимашаб таҳхонаи бинои чорқабатаи маҳалларро аз об тоза карда, мардуми ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаро аз офати табиӣ раҳо доданд.

Ба ҳамин хотир миннатдории кулли сокинони аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи Коргари ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакиро ба Шумо ҷаноби  Вазир расониданием. Ва  дар охир ҳаминро қайд карданием, ки бар замми меҳнати содиқона, боз кормандони Шумо бо муносибати меҳрубононаю хоксоронаашон тавонистанд ба дилу дидаи мардуми шаҳраки Мирзо Турсунзода ҷой шаванд.

                    Бори дигар  миннатдории самимии моро қабул намоед.

  

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика