Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипоси шаҳрванд

Ба Вазири корҳо дохилии         
Ҷумҳурии Тоҷикистон,               
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро       

Мӯҳтарам Вазири корҳои дохилӣ!

 Ман ба Шумо як ариза навишта будам бар зидди як мард номаш Неъмат. Ташаккури зиёд ба Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба мо хеле ёрӣ доданд. Он шахс тамоми хароҷоте, ки бародари ман дар шӯъбаи тиббӣ сарф карда буд, пардохт намуд, ҳамчунин ӯ аз ҷониби шӯъбаи милитсияи шаҳри Сарбанд ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Аз ин рӯ, мо аз Шумо кормандони милитсия ва аз Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ миннатдорем.

 Исаков Аюб Давлатшоевич, сокини шаҳри Сарбанд, кӯчаи Борбад 20, хонаи 55.    




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика