Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи миннатдории Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

IMG 0001

Муҳтарам Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-полковник Раҳимзода Р. Ҳ.

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу
Боиси хушнудист, ки ба унвони Шумо сипос ва миннатдории худро барои меҳмоннавозии беандоза ва самимияти истиқболи масъулони Полиси сайёҳӣ ҳангоми боздид аз деҳаи сайёҳии ”Саратоғ ”-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд рӯзи 2 июли соли 2020 бино ба даъвати расида аз тариқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.
Бовари дорам, ки Полиси сайёҳӣ ҳамчун сохтори нав дар Вазорати Шумо илова ба шароити амну оромӣ, ки аз он Тоҷикистон дар партави сиёсати роҳбарияти хирадмандонааш бархурдор мебошад, ба ташвиқ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мусоидат хоҳад кард.
Мехоҳам таъкид кунам, ки Сафорат бо Полиси сайёҳӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ки барои амали шудани он Ҳукумати кишвари Шумо талош меварзад, тамос ва ҳамкории бардавом хоҳад дошт.

Бо арзи эҳтиром ва миннатдорӣ

Абдулазиз ибн Муҳаммад ал-Бодӣ
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика