Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

937Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳавӣ (химбиолог) ва забоншинос (лингвист)-ро ба кор даъват менамояд.

Талабот ба номзадҳо:
- шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маълумоти олӣ;
- уҳдадории ҳарбӣ;
- то синни 35-сола.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда
Ҳангоми дохил шудан барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
а) аризаи шахсӣ;
б) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
в) дафтарчаи меҳнатӣ;
г) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот;
д) ҳуҷҷати муайянкунандаи муносибати иҷрои уҳдадории ҳарбӣ (барои шаҳрвандоне, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд).
Хоҳишмандон метавонанд бо телефони 93-922-04-01 дар тамос шаванд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика