Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти дастаи бонувони ВКД дар мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон

538

Дастаи бонувони варзишгари Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон байни бонувони вазорату идораҳо, ки рӯзҳои 16-17-уми ноябри соли 2019 бахшида ба таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе доир гардид, иштироки фаъолона намуда, соҳиби ҷойи аввал ва Ҷому дипломи мусобиқа гардиданд. Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Вазорати адлия ва Кумитаи ҷавонон ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи мазкур 11 даста бо теъдоди 44 нафар варзишгар ширкат варзида, бонувони бадминтонбози дастаи Вазорати корҳои дохилӣ Наталя Манская ва Мавҷуда Хисравзода аз Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон ба натиҷаҳои назарраси худ дар бозиҳои инфиродӣ ва дунафара, тавонистанд ғалаба ба даст оранд. Ғолибияти онҳо дастаи Вазоратро низ пешсаф намуд.
Мусобиқаи мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, ба роҳ мондани робитаҳои дӯстӣ байни кормандони вазорату идораҳо ва омода намудани варзишгарони кишвар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи ҷумҳуриявии бадминтон баргузор карда шуд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика