Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи шиноварӣ

IMG 6463

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 15 ноябр дар «Қасри шиноварӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки шиноварони ватанӣ оғоз ёфта буд нимаи рӯзи 16-уми ноябр дар рӯзе, ки дар саросари мамлакат «Рӯзи Президент» таҷлил мешавад ҷамъбаст гардид.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини аввали раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ва шумораи зиёди дӯстдорони варзиши шиноварӣ ширкат намуданд.
Дар рӯзи охирини мусобиқа варзишгарон аз намудҳои тарзи озод дар масофаи 50 метр, брасс дар масофаи 50 метр ва эстафетаи 4х50 метраи тарзи озод нерӯсанҷи карда беҳтаринҳо миёни мардон ва бонувон муайян шуданд.
IMG 6490

IMG 6502

IMG 6510

Ҳамин тавр шиноварон Ишонов Олим, Гадоев Ардашер, Махкамов Фахриддин миёни мардон, Тюрина Анастасия, Набиева Заррина, Климик Карина миёни бонувон дар намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр, Хоркашов Рамзиёр, Муминшоев Шаҳзод, Махкамов Фахриддин, Климик Карина, Набиева Заррина, Холиқова Эмиля дар намуди брасс дар масофаи 50 метр ҷойҳои 1,2,3 ифтихориро ба даст оварданд. Дар намуди эстафетаи 4х50 метраи тарзи озод миёни мардон шиноварони дастаи Душанбе -1 пешсаф ва ҷоизадори мусобиқа шуданд. Ду зинаи баъдиро дастаҳои Душанбе-2 ва Суғд соҳиби карданд.
Раддабандии ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ, ки таи ду рӯз идома ёфт аз рӯи нишондиҳандаҳои варзишии ҳайати дастаҳо муайян гардид. Ҷойи аввалро дастаи шиноварони Душанбе-1, мақоми дуюм Душанбе-2 ва зинаи сеюми ифтихориро шиноварони вилояти Суғд ба даст оварданд.
Дар хотима аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин шиноварон медалу диплом ва Ҷоми мусобиқа такдим гардид.

 

Акбар Шарифӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика