Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи гӯштини Самбо

531

Дар мусобиқаи шахсӣ-даставии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба гӯштини Самбо байни кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки рӯзи 15-уми ноябри соли равон, дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» доир гардид, гӯшингирони дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ мақоми аввалро ишғол намуда, соҳиби Ҷом ва дипломи мусобиқа гардиданд. Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба даст оварданд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили иди касбии «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш – дӯстию рафоқат!» баргузор гашта, дар он беш аз 70 нафар варзишгарони гӯштингир дар ҳайати 10 даста, дар 8 дараҷаи вазн қувваю маҳорати худро дар назди тамошобинону ҳаводорони бешумори ин намуди варзиш нишон доданд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур кормандони масъули Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, варзишгарон, устодону собиқадорони ин соҳаи варзиш иштирок доштанд.

532533534535

Муовини Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ полковники хизмати дохилӣ Хайрулло Назриев чорабиниро оғоз бахшида, зимни баромади хеш, аз номи худ ва роҳбарияти Вазорат тамоми кормандони милитсияро бо иди касбиашон табрик гуфта, пас аз таманниёти нек, аз пешрафту дастовардҳо дар самти варзиши ҷумҳурӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуд. Қайд карда шуд, ки варзиш, аз ҷумла гӯштини Самбо дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти муҳим дошта, дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дарёфти чеҳраҳои нав миёни кормандони ҷавон, такмили маҳорати касбию варзишии онҳо, таҳкими дӯстию муттаҳидӣ, саҳм гузоштан дар рушди варзиш ва тарғиби ҳаёти солим аз ҳадафҳои дигари мусобиқаи мазкур дониста шуд.
Пас аз маросими кушодашавӣ, мусобиқа оғоз ёфта, гӯштингирон тавонистанд дар назди тамошобинон гӯштини ҷолибу диданӣ намоиш диҳанд. Барои баҳогузории мусобиқа доварони ботаҷрибаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ даъват шуда буданд.
Ҳамин тариқ, аз натиҷаи қувваозмоиҳо мақомҳои аввали мусобиқаро дар вазни мутлақ, яъне беш аз 100 кило Абубакр Раҳмонов намояндаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, дар вазни 100 кило Алидод Рауфзода – варзишгари Хадамоти давлатии «Муҳофиза», дар вазни 90 кило гӯштингири номвар Ҷамшед Қурбонов (Раёсати қӯшунҳои дохилӣ), дар вазни 82 кило Муҳаммад Мирзоев (Раёсати қӯшунҳои дохилӣ), дар вазни 74 кило Ҷаҳонгир Авазов (Академия), дар вазни 68 кило Баҳриддин Хуҷаназаров (Раёсати қӯшунҳои дохилӣ), дар вазни 62 кило гӯштингири номвари дигар Акмалиддин Каримов (Раёсати қӯшунҳои дохилӣ) ва дар вазни 57 кило Бадриддин Муминов (Раёсати қӯшунҳои дохилӣ) ишғол намуданд.

536537

Мусобиқа дар сатҳи баланд доир гардида, дар фарҷом, ба ғолибони даставӣ ва инфиродӣ дар маросими тантанавӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷому диплом, медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика