Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Факултети №4 Академияи ВКД ғолиби мусобиқаи футболи хурд гардид

512

Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани рӯҳия варзишии кормандон дар арафаи таҷлил аз «Рӯзи Конститутсия» ва «Рӯзи кормандони милитсия» байни ҳайати шахсии Раёсат, шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Суғд барои дарёфти «Ҷоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд» мусобиқаи даставии футболи хурд ташкил намуданд. Мусобиқаи даставӣ давоми як ҳафта аз 5-ум то 12 ноябр бо иштироки 20 даста дар майдончаи футболи хурди шафати «Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Ҷараёни мусобиқа дар марҳилаи аввал аз рӯи системаи даврӣ ва дар марҳилаи дуюм бо меъёри олимпӣ гузаронида шуд. Устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи футболи хурди вилояти Суғд мусобиқаро доварӣ карданд. Дастаҳои футболбозони Факултети №4 Академияи ВКД, шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ДТММ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд маҳорати хуби футболбозӣ нишон дода ҳамчун дастаҳои беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Нимаи дуюми рӯзи 12-уми ноябр бозии ниҳоӣ ва маросими ҷамъбастии мусобиқа баргузор гашт. Дастаҳои Факултети №4 Академияи ВКД ва Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд байни ҳам сабқат намуда дар вақти асосӣ бозӣ ба мусовӣ 2:2 анҷомид. Аз рӯи тартиби баргузории мусобиқаҳои футболи хурд довар задани зарбаҳои 11 метраро барои муайян намудани ғолиб таъин намуд. Бо фарқияти як гол дастаи Факултети №4 Академияи ВКД бартарият нишон дода, дар мусобиқаи варзишӣ ғолиб гардид.

513514515

Ҳамин тавр дастаи Факултети №4 Академияи ВКД сазовори ҷойи аввал, ШВКД дар шаҳри Хуҷанд мақоми дуюм, футболбозони ШВКД дар шаҳри Бӯстон ва ДТММ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд зинаи сеюми ифтихориро соҳиб шуданд.
Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу Сипоснома ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзоёни дастаҳо дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвазабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин Сипоснома ва Ҷом тақдим гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика