Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусобиқаи кушоди футболи хурд байни кормандони милитсия

493

Бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш, баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, таҳкими дӯстию рафиқӣ ва якдилию муттаҳидӣ аз 8-уми октябр то 2-юми ноябри соли 2019 бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд байни воҳидҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти шиори «Милитсия - ҳомии ҷомеа!» баргузор гардид.

494495496

Мусобиқаи мазкур дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ доир гашта, дар он 15 даста иштирок намуданд.
Дар даври нимниҳоӣ чор дастаи нисбатан пурқувваттар бо ҳам рақобат намуда, аз миёни онҳо ду даста ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, барои ғолиби ҷойи аввал шудан муборизаро идома доданд.
Рӯзи 2-юми ноябр даври ниҳоии бозиҳо доир гардид. Нахуст, дастаҳои Раёсати қӯшунҳои дохилӣ бо дастаи Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус ба майдон баромаданд. Қувваҳои варзишгарони ҳар ду дастаҳо бо ҳам баробар буданд. Новобаста ба ҷаҳду талошҳои футболбозон бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Барои муайян намудани дастаи ғолиб, довари мусобиқа тӯбзанӣ ба дарвозаи якдигар таъин намуд. Дар натиҷа бо ҳисоби 2:1 дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дастболо гардид.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки хеле ҷолибу шавқангез буд. Бозингарони ҳар ду даста ҳам хеле хуб бозӣ мекарданд. Дар нимаи дуюми бозӣ футболбози дастаи Академияи ВКД Сомони Сиёвуш тавонист ба дарвозаи дастаи РМЗҶМ як тӯб занад. Ҳамин тариқ, то охир натиҷаи бозӣ дигар тағйир наёфта, он бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи Академия анҷом ёфт.
Аз натиҷаи бозиҳо ва холҳои бадастоварда, дастаи футболбозони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи аввал, дастаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил мақоми дуюм ва дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ зинаи сеюми мусобиқаро ишғол намуданд.
Ба дастаҳои ғолиби мусобиқаи футболи хурд ва футболбозони беҳтарин, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, диплом, медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Аз натиҷаи нишон додани малакаю маҳорати варзишӣ ҳайати ҳакамон бозингарони беҳтаринро низ интихоб намуданд, ки онҳо: Ҳоҷивалӣ Маҳмудов аз дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ – дарвозабони беҳтарин, Ҳамза Зоиров аз дастаи РВКД дар ш. Душанбе – муҳофизатгари беҳтарин, Муҳибулло Нозимов аз дастаи Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус – ҳамлагари беҳтарин, Фаррух Сафарзода аз дастаи РМЗҶМ – нишонзани беҳтарин, Наврӯз Толибов аз дастаи Академияи ВКД - бозингари беҳтарин, Сафаралӣ Маҳмадизода – довари беҳтарин ва Манучеҳр Идиев аз дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ мураббии беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.

497498499

Мукофотҳоро дар маросими тантанавӣ мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорат подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ва дигар шахсони расмӣ супориданд.
Зимни сухаронӣ Ориф Ҷӯраев аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6-уми ноябр ва иди касбии «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» - 10-уми ноябр табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию хонаободӣ, бурдборию комёбиҳо дар кору зиндагиашон ва пешрафту шукуфоии диёрро таманно намуд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    03.06.2020 08:59
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

    Санаи 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи ....

    03.06.2020 08:58
  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • Садамаи нақлиётии марговар

    Санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи ....

    02.06.2020 09:42
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ, бо ариза марди 60-солаи сокини ....

    02.06.2020 09:39
  • Корбари бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

    Ҳифзи саломатии аҳолӣ самти фаъолиятест, ки имрӯзҳо милитсия бо назардошти ....

    01.06.2020 17:18
  • Назоратчии барқ маблағи муштариёнро тасарруф кард

    Дар асоси аризаҳои воридщуда ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов ....

    01.06.2020 17:15
  • Ҳар як шахс бояд муҳофизи саломатии худ бошад!

    Имрӯз (01.06.с.2020), бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ....

    01.06.2020 16:47
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика